Волосков, Терентий Иванович

Волосков Терентий Иванович (1729, Ржев — 1806, ҳамон ҷо) — ихтироъкори рус.

Волосков, Терентий Иванович
Таърихи таваллуд 1729[1]
Таърихи даргузашт 1806[1]
Кишвар

Зиндагинома вироиш

Дар шаҳри Ржев зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Якчанд соати худкори сохташон мураккаб, аз ҷумла соати калон сохта буд, ки онҳо на танҳо дақиқаву соат, балки рӯзҳо, рӯзҳои ид, ҳаракати Офтобро аз рӯйи бурҷҳои дувоздаҳгона ва солҳои кабисаро нишон медоданд. Терентий Волосков инчунин асбобҳои астрономии оптикиро офаридааст. Терентий Волосков дар ҷорӣ кардани истеҳсоли рангҳо дар Русия саҳми арзанда гузоштааст. Ба рангҳои тайёркардаи Терентий Волосков Академияи санъати бадеии Петербург баҳои баланд дода буд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш