Газнаиҳо (Urticaceae), оилаи рустаниҳои дупаллагии алафӣ, нимбутта, бутта ё дарахт. Баргу пояи муякҳои «газанда»-дор, гули майдаи як ё дуҷинса, меваи майдаи чормағзшакл дорад. 42 авлод ва 650—700 намуди Газнаиҳо асосан дар ноҳияҳои муътадилиқлим ва тропикӣ паҳн шудаанд. Дар собиқ СССР 6 авлоду 21 намуди Газинаҳо маълум аст. Дар Тоҷикистон 2 авлод (Urtica, Parietaria) ва як намуди интродуксияшудаи Газнаиҳо— газнаи чинӣ (Boehmeria nivea) мерӯяд. Баъзе Газнаиҳои доруӣ (газна) ва нахдиҳанда (газнаи чинӣ) мебошанд.

Нигористон вироиш




Нигаред вироиш

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Адабиёт вироиш

  • Травянистые растения СССР. т. 1. Москва. 1971.