Гамбуски ҷавзо (лот. Amphimallon solstitialis mesasiticus) — як навъ ҳашароти зараррасон.

Гамбуски ҷавзо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Amphimallon solstitialis mesasiticus

Тарзи зиндагӣ вироиш

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Хитойи Ғарбӣ то Тибати Шарқӣ дучор меояд. Кирминааш решаи ниҳоли себ, нок, олу, зардолу, олуболу ва рустаниҳои дигарро хӯрда, нобуд мекунад. Дар Тоҷикистон дар баландиҳои 800—2500 м аз с. б. вомехӯрад. Даври парвозаш ба охири май — нимаи аввали июл (баъзе гамбускҳо то 31 август) рост меояд. Аксари гамбускҳо рӯзона зери хок пинҳон шуда, бегоҳӣ пас аз ғуруби офтоб ба парвоз шурӯъ мекунанд. Гамбуски модина дар хок тухм мемонад. Кирминаҳо моҳҳои июл — август пайдо мешаванд. Онҳо ду зимистонро гузаронида, баҳорон ба зоча табдил меёбанд (ин марҳила 15 рӯз давом мекунад). Гамбускҳои болиғ аз хок берун мебароянд.

Тадбирҳои мубориза вироиш

  • дам додани замин, нарм кардани байни қатори ниҳолҳо, дар давраи парвози гамбускҳо ба дарахтон пошидани ҳашаракушҳо.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Гамбуски ҷавзо / Қ. Қаҳҳоров, С. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.