Ҳа́убитса (олмонӣ: Haubitze) — тӯпи артиллерӣ, ки барои оташфишонӣ аз мавқеъҳои пӯшида (таҳти кунҷи то 700) таъйин гардидааст.

Ҳаубитсаи 16-дюймӣ, ИМА, соли 1942

Таърих вироиш

Гаубитса садаи XV дар Аврупои Ғарбӣ, миёнаҳои садаи XVI дар Русия пайдо шуда, гафунитса ном доштааст. Дар ҳолатҳои муҳосира артиллерияи қалъаҳоро бо гаубитса мусаллаҳ мекарданд. Аз садаи XVII шурӯъ карда дар майдонҳои ҷанг гаубитсаҳои сабукро истифода мебурданд. Аз миёнаҳои садаи XVIII артиши рус бо гаубитсаи милаш дарозкардашуда — «аспи якшоха» (ҳайвони афсонавӣ) мусаллаҳ гардид. Дар ҷангҳои якум (1914-18) ва дуввуми ҷаҳонӣ (1939-45) ҳамаи артишҳо аз гаубитса васеъ истифода бурданд. Ҳоло артиллерияи артишҳо бо гаубитсаҳои муосир мусаллаҳанд. Қутр (калибр)-и мили гаубитсаи муосир 105—203 мм буда, аз он дар як дақ. ба масофаи 30 км то 10 бор тир холӣ кардан мумкин аст. гаубитса худгард ва кашидабаранда мешавад. Тӯпе, ки хусусияти гаубитсаро дар худ омезиш медиҳад, гаубитса-тӯп ё тӯп-гаубитса ном дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш