Генерал-фелдмаршал

Генерал-фелдмаршал (олмонӣ: Generalfeldmarschall) — рутбаи олии низомӣ дар артишҳои хушкигарди Олмон, Утриш ва Русия.

Таърих вироиш

Нахустин бор дар садаи XVI дар Олмон ва аз соли 1699 тавассути Пётри 1 дар Русия муқаррар гардид (то соли 1917). Дар чандин кишвар, аз ҷумла Фаронса, он қиёсан ҳамрадиф ба дараҷаи маршал (маршал-генерал) буд. Бо таваҷҷуҳ ба дараҷабандӣ генерал-фелдмаршал баробар бар рутбаҳои генерал-адмирали флот, канслер ва ё мушовири мухтори дараҷаи аввали хадамоти мулкӣ шумурда мешуд. Дар аҳди Пётри 1 ҳамчунин рутбаи генералфелдмаршал-лейтенант (яъне муовини генерал-фелдмаршал, баландтар аз генерал-аншеф) низ роиҷ буд. Ин рутба ҳамчун ҷоизаи ифтихорӣ ғолибан ба хориҷиҳое дода мешуд, ки дар артиши рус хидмат намекарданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Бантыш-Каменский Д. Н. Биографии российских генералиссимусов и генерал-фельдмаршалов. В 4-х частях. М., 1991.

Сарчашма вироиш