Голдспур
Голдспур — навъи себ. Аслан аз шаҳри Лувиломи иёлати Вашингтон (ИМА) аст.
Рамзи каталог | Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена.. |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар ИМА, Канада, баъзе давлатҳои Аврупои Ғарбӣ дучор меояд. Дарахташ сершохубарги аҳромшакл, сустсабз. Навдаҳояш ғафси дорчинранг. Баргаш калони ғафс, дарозрӯя, нӯгаш хамидаи заврақчашакл. Гулаш миёнаҳаҷми хушбӯй, 5-6-тоӣ дар тӯдагул ҷой гирифтааст; гулбаргҳояш дарозрӯя, сафеди гулобӣ, охири апрел мешукуфад. Бо гарди гули навъҳои себи Голден делишес, Корей, Ҷонатан, Ред делишес гардолуд мешавад. Мевааш миёна ё калон (130—160 г), дарози махрутшакл, пӯсташ андак ғафс, дурушт, ҷилодори зард, мағзаш зарди кушод, нарми сероб, нордони хушбӯй; мевадумчааш дарози борик. Меваашро то моҳи май нигоҳ доштан мумкин; барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Ниҳолашро аз рӯи тартиби 6х4-5 м дар заминҳои ҳосилхези обшор мешинонанд. Ҳангоми норасоии об мевааш майдаи бесифат мешавад. Соли 3-4-уми шинондан самар медиҳад. Аз ҳар га себзораш 280—320 сентнер ҳосил мегиранд. Дарахташ сармобардор нест; аз касалии тосак ва гарда зарар мебинад.
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Урунов Ф. У. Спуровые сорта яблони//Сельское хозяйство Таджикистана № 5. Д., 1979;
- Помология Узбекистана. Ташкент, 1983; Рекомендации по возделыванию садов в Таджикской ССР. Д., 1984;
- Каталог районированных сортов плодовых, ягодных культур и винограда. М., 1985.
Эзоҳ вироиш
Сарчашма вироиш
- Голдспур / Р. Юнусов, Ф. Урунов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.