Градиент (лот. qradiens — роҳраванда) — мафҳуми таҳлили векторӣ ва назарияи инъикоси ғайрихаттӣ. Градиенти функсияи f(x1,...,xn)-и n тағйирёбанда дар ягон нуқтаи P = (xо1,..., xо ) вектори фазои n-чена (координатӣ)-ии ҷузъҳояш (df/x1,..., df/dxn) буда, дар нуқтаи баррасишавандаи P ҳисоб карда шудаанд. Дар баъзе истилоҳи тағйирнопазир градиенти функсия коллектор (вектори ковариант) мебошад.

Мафҳуми градиентро дар физика, метрология, уқёнусшиносӣ ва ғ. барои тавсифи суръати тағйири бузургиҳои гуногун истифода мебаранд. Мас., градиент и фишор, градиенти ҳаракат, градиенти рутубат, градиенти суръати бод, градиенти зичии оби баҳр. Градиенти потенсиали электрӣ шадидияти майдони электрӣ ном дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш