Грейзен (олм. олмонӣ: Greizen — таҷзия) — ҷинси кӯҳии пайдоишаш метасоматикӣ, ки асосан аз кварс ва абрақҳои сафедча (мусковит, лепидолит) иборат аст.

Грейзен
Твёрдость {{{Твердость}}}

Таркибаш баъзан касситерит, волфрамит, флюорит, турмалин, талқ низ дорад. Грейзен дар натиҷаи бо таъсири газҳои тафсон ва обҳои гарми магмавӣ тағйир ёфтани гранит ва ҷинсҳои дигар ҳосил мешавад. Чунин тағйирёбии ҷинсҳоро грейзенизатсия меноманд. Ҳангоми ин раванд шпатҳои даштии таркиби ҷинсҳо ба кварс ва абрақ табдил меёбанд. Грейзен, маъмулан, дар атрофи массивҳои гранитӣ вомехӯрад ва барои ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ нишонаи хубе мебошад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш