Гринский
Гринский — навъи анҷир. Аз соли 1973 ба шароити иқлими минтақаи Қӯрғонтеппа мутобиқ карда шудааст. Дарахташ миёнақад, шохсораш мудаввар, зич. Навдаҳои яксолааш сершумор, ҷигарии рӯшан. Баргаш се ё панҷпарра. Мевааш (то 15 г) нокшакл, сабз; гӯшташ сурх, ширин. Баҳои чошнигирӣ 4,7 балл. Дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ аз ҳар га 65 сентнер ҳосил гирифтаанд.
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — 660 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Гулов С. Мевапарварӣ. Д., 2002.