Гулдара (деҳа, н. Ваҳдат)
Гулдара (собиқ Чағатойдара, то соли 2004) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулдара то маркази шаҳр 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 273 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ваҳдат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | {{{минтақаи замонӣ}}} |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 263 тан |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Таърих вироиш
Деҳа соли 1932 ташкил шудааст. Бештари аҳолиаш аз минтақаҳои Кӯлоб ва Сарихосор кӯчида, ин деҳаро макони зист кардаанд.
Иқтисод вироиш
Гулдара мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ, хоҷагии хурди деҳқонӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Гулдара обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ вироиш
Сарчашма вироиш
- Гулдара // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2