Гулмайдон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аз Гулмайдон то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 571 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулмайдон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 571 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Иқтисод вироиш

Деҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулмазор 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии давлатии ҶММ «50-солагии Октябр» (аз соли 1968) мавҷуд аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш