Гулхона (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)

деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов

Гулхона — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Гулхона то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 9159 нафар (2017).

Деҳа
Гулхона
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ҷаббор Расулов
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 9159 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3455
Нишонаи почта 735820

Иқтисод вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи бачагон, 2 чойхона, тӯйхона ва коргоҳи пахтатозакунӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо тавассути пойгоҳи обкашӣ аз чоҳҳои зеризаминӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 48 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Гулхона» мавҷуд аст.

Мардум вироиш

Сол 2010[1] 2020[1]
Аҳолӣ 7988 9463

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш