Давлати Ғазнавиён (Салтанати Ғазнавиён, форсӣ: سلطنت غزنویان‎) — давлатест, ки дар солҳои 9771186 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ арзи вуҷуд дошт ва дар он сулолаи Ғазнавиён ҳукмронӣ кардаанд.

Давлати Ғазнавиён
форсӣ: سلطنت غزنویان
султанат в составе Аббасидского халифата

 

977 — 1186



 


Давлати Ғазнавиён дар авҷи қудрат (997 - 1030)
Пойтахт Ғазнӣ
(9631151)
Лоҳур
(11511187)
Забон(ҳо)
Дин Ислом
Майдон 3 400 000 км²
Шакли ҳукмронӣ Монархия
Сулола Ғазнавиён
Султон
Таърих
 -  977 Таъсисдиҳанда - Себуктегин (977—997)
 - 998 Ба бузургтарин қудрат дастёбгашта - Маҳмуди Ғазнавӣ (998—1030)
Харитаи давлати Ғазнавиён

Таърих вироиш

Асосгузори давлат сарлашкари туркнажоди Сомониён Алптегин буд, ки бар зидди хӯҷаинони худ баромада, дар ҳудуди Афғонистони кунунӣ давлати мустақилеро бо марказаш шаҳри Ғазнин (Ғазна) барпо кард. Айёми гулугулшукуфии давлат ба даврони ҳукмронии Сабуктегин 977997 ва Маҳмуди Ғазнавӣ 9981030 рост меояд. Баъд аз марги Маҳмуд давлат рӯй ба таназзул ниҳод. Ворисони ӯ музофотҳои кишварро паси ҳам аз даст медоданд. Ҳанӯз дар давраи Масъуди I Хоразм аз даст рафт. Ҳокимони қарахонии Мовароуннаҳр заминҳои болооби Амударёро забт карданд. Баъд аз муҳорибаи Дандонакон 1040 бо Салҷуқиён дар ҳудуди давлат танҳо қисми Афғонистон ва Панҷоб боқӣ монд. Зарбаи охирин ба давлати Ғазнавиён аз тарафи Ғӯриён зада шуд, ки дар охирҳои солҳои 70-уми асри XII онҳоро ба шимоли Ҳиндустон ронданд. Пойтахти нави давлати Ғазнавиён шаҳри Лоҳур шуд. Баъд аз забт шудани Лоҳур аз тарафи Ғуриён дар соли 1186 давлати Ғазнавиён аз байн рафт.

Сиёсат вироиш

Асоси сиёсати берунии ҳукмронҳои аввалини Ғазнавиёнро ғасби заминҳои мамолики ҳамсоя ташкил медод. Дар натиҷаи ин гуна забткориҳо то соли 1030 ба давлати Ғазнавиён ҳудуди кунунии Афғонистон, баъзе вилоятҳои Эрон, қисми Мовароуннаҳр ва Хоразм, музофотҳои шимолӣ ва шимолу ғарбии Ҳиндустон дохил шуд. Вале истилогариҳо ба суст шудани давлат оварда расонданд. Иқтисодиёти давлат хароб шуд.

Фарҳанг вироиш

Дар даврони авҷи тараққиёти худ, султонҳои Ғазнавӣ ба рушди илму фарҳанг диққат медоданд. Дар дарбори Ғазнин ва дигар шаҳрҳо олимону шоирони машҳур кор ва фаъолият мебурданд (Берунӣ, Утбӣ, Абулфазл Байҳақӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ва ғайра).

Иқтисод вироиш

Азбаски соҳаи асосии сиёсати давлат забти заминҳои ҳамсоя буд, ба кишоварзӣ аҳамияти ҳамаҷониба дода намешуд. Иқтисодиёти давлати Ғазнавиён нисбат ба замони Сомониён поён рафт. Ҳаҷми савдо ва додугирифт бо мамолики хориҷа кам шуд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Homa Katouzian, "Iranian history and politics", Published by Routledge, 2003. pg 128: "Indeed, since the formation of the Ghaznavids state in the tenth century until the fall of Qajars at the beginning of the twentieth century, most parts of the Iranian cultural regions were ruled by Turkic-speaking dynasties most of the time. At the same time, the official language was Persian, the court literature was in Persian, and most of the chancellors, ministers, and mandarins were Persian speakers of the highest learning and ability "
  2. "Persian Prose Literature." World Eras. 2002. HighBeam Research. (3 September 2012);"Princes, although they were often tutored in Arabic and religious subjects, frequently did not feel as comfortable with the Arabic language and preferred literature in Persian, which was either their mother tongue—as in the case of dynasties such as the Saffarids (861–1003), Samanids (873–1005), and Buyids (945–1055)—or was a preferred lingua franca for them—as with the later Turkish dynasties such as the Ghaznawids (977–1187) and Saljuks (1037–1194) ". [1]

Адабиёт вироиш

  • Абулфазл Байҳақӣ. Таърихи Байҳақӣ. Ҷ. 1—3. — Теҳрон, 1940—1953
  • Бартолд В. Туркистон дар давраи истилои муғул, қ. 2 — СПБ, 1900

Пайвандҳо вироиш