Азизуллоҳ Дарвеши Деҳакӣ (форсӣ: عزیزاللَّه درویش دهکی قزوینی[1]; 1426, Деҳак, Қазвин — 1531, ҳамон ҷо) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Дарвеши Деҳакӣ

Зиндагинома вироиш

Ба бофандагӣ ва боғдорӣ машғул будааст. Бино ба қавли Муҳаммади Қазвинӣ (мутарҷими «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ), Дарвеши Деҳакӣ аз касби худ «маишати аҳлу аёл менамуд, луқмаи ҳаром ва таоми подшоҳон намехӯрд». Ин матлаб дар ғазалҳои шоир, ки дар замонаш шуҳрат доштанд, низ баён шудааст. Аз Дарвеши Деҳакӣ як девони ғазалиёт (845 ғазал) мондааст. Лутфалибеки Озар дар «Оташкада» ин девонро нокомил номида, соҳиби девони мукаммалтаре будани Дарвеши Деҳакӣ-ро қайд кардааст. Дар ғазалҳои Дарвеши Деҳакӣ мавзӯъҳои ишқу ошиқӣ, қаноат ва олиҳимматӣ, ҳайрхоҳӣ ба аҳли заҳмат, шикоят аз замона ва аҳли нокасони он, танқиди ҳукмронону давлатмандон ва рӯҳониёни авомфиреб, мазаммати хислатҳои ношоистаи инсонӣ, тарғиби илму дониш ва ғ. мавқеи хос дорад. Шоир ҳангоми танқиди ҳукмронони давр, давлатмандон ва рӯҳониёни мутаассиб аз мавқеи мардуми заҳматкаш сухан гуфта, манфиати заҳматкашонро ҳимоя ва орзую омоли онҳоро ифода кардааст (ғазалҳои «Дар Каъба ҷоиз пӯшиву урёнтанон кабоб…», «Кай равад хуне, ки ҷаврат рехт аз дилҳои реш…», «Кай барад сар, он ки ӯ дорад сари озори халқ»… ва ғ.). Дарвеши Деҳакӣ ҳусни таваҷҷуҳи худро ба халқ тавассути образи Фарҳод, ки яке аз қаҳрамонони дӯстдоштаи шоир аст, равшантар баён мекунад. Вай Фарҳодро нисбат ба дигар қаҳрамонҳои ишқӣ (Маҷнун, Юсуф ва ғ.) муқаддам дониста, худро пайрави ӯ мешуморад:

Дар сухан, Дарвеш, чун Маҷнун машав, Фарҳод бош,
З-он ки дар таври ғазал ҳам ишқ бояд, ҳам ҳунар.

Касе нагуфт чу Дарвеш қиссаи Фарҳод,
Чаро ки коргар аз коргар хабар дорад.

Шоир дар васфи ҳунармандон шеърҳо гуфтааст. Аз ин ҷиҳат Дарвеши Деҳакӣ яке аз асосгузорони назми ҳунармандонаи асрҳои миёна ба шумор меравад, ки минбаъд Саййидои Насафӣ ин равияро инкишоф додааст. Намунаҳо аз ашъори ӯ:

Аз рақиби бодсар, Дарвеш, некуӣ маҷӯ,
З-он ки ҳаргиз об натвон хӯрд аз ҷоми ҳубоб.

Бо рақибат дӯстӣ кардан тариқи кофирист,
Гар ба сад солаш нигоҳ дорӣ, ки охир ҳаст ҳеч.

Эзоҳ вироиш

  1. عزیزاللَّه درویش دهکی قزوینی. rasekhoon.net. 30 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Болдырев А. Н. Диван Дарвеша Дихаки. М., 1960;
  • Аҳмадов М. Дарвеши Деҳакӣ. Д., 1967.