Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ

Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ (?, Самарқанд — 1511, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва адиби форс-тоҷик,.

Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ
Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ
Зодгоҳ ш. Самарқанд
Таърихи даргузашт 1511
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Зиндагинома вироиш

Давраи аввали омӯзишии ӯ дар Самарқанд гузашта, мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои бадеиро дар зодгоҳаш омӯхт. Дар мусиқии назарӣ дониши комил дошта ва рисолае ҳам дар иртибот ба масоили шеъру мусиқӣ нигоштааст. Мусиқии илмиро назди Хоҷа Юсуфи Бурҳониддин (Ҳирот) омӯхта, аз дарсҳои назарии Ҷомию Навоӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид баҳравар шудааст. Таснифоти барои сози най сохтааш дар ҳаёти мадании Ҳироту Самарқанд шуҳрати зиёд касб карда, бисёр устодони мусиқӣ ба асарҳои ӯ «Нақши моҳ», «Пешрави най», «Амали хубон», «Савти дилситон» назираҳои мусиқии ҷолиб сохтаанд. Дар шеър бо тахаллуси Нойӣ ғазалҳои мавзун гуфтааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 58. — ISBN 978-99947-49-13-3.