Доғистон ё Ҷумҳурии Доғистон – субъекти Федератсияи Руссия. 20 январи 1921 ташкил шудааст. Дар ҷануби қисмати аврупоии Федератсияи Руссия, дар соҳили баҳри Каспий ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди Доғистон дар наздикии кӯҳи Рагдан (дар сарҳад бо Озарбойҷон) – нуқтаи ҷанубии Федератсияи Руссия воқеъ аст. Д. ба ҳайати Округи федералии ҷануб дохил мешавад. Масоҳаташ 50,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 3015660 (2016). Пойтахташ – Махачқалъа. Доғистон 41 ноҳия, 10 шаҳр ва 19 шаҳрак дорад.

Доғистон
русӣ: Республика Дагестан
Парчам Нишон
Парчам Нишон
State Anthem of the Republic of Dagestan[d] ва Dagestan, you holy fatherland[d]
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Махачкала[d]
Роҳбар Сергей Меликов
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1991
Масоҳат
  • 50 300 км²
Вақти минтақавӣ MSD[d], UTC+03:00 ва Europe/Moscow[d][2]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 RU-DA
Коди телефон 872
Коди мошинҳо 05
Вебгоҳи расмӣ(рус.)
Доғистон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сохти давлатӣ вироиш

Низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро Конститутсияи Федератсияи Руссия ва Конститутсияи Ҷумҳурии Доғистон (2003, таҳрир – 2006) таъйин мекунанд. Ҳокимияти давлатиро Президент, Маҷлиси халқӣ (парламент), ҳукумат, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки мутобиқи Конститутсияи Доғистон таъсис ёфтаанд, ба уҳда доранд. Сарвари ҷумҳурӣ – Президент аз тарафи парламент бо пешниҳоди Президенти Федератсияи Руссия ба муҳлати 4 сол ваколатдор мешавад. Президент ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ ва ҳукуматро таъсис медиҳад. Мақоми олии қонунбарор – Маҷлиси халқӣ аз тарафи омма бо низоми мажоритарӣ (аксари овоз) дар ҳайати 72 вакил ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Президенти Доғистон – Абдулатипов Рамазан Гаджимурадович (аз соли 2013).

Табиат вироиш

Доғистон дар канори ҷануби ҳамвории Аврупои Шарқӣ ва нишебиҳои шимолу шарқии Қафқози Бузург ҷойгир шудааст. Хатти соҳилӣ ба якчанд қисм ҷудо шудааст: дар қисми шимолии Доғистон халиҷҳои Қизляр ва Астрахан, нимҷазираи Аграхан ҷойгир шудаанд. Дар шимоли Доғистон қисми зиёди ҳудуди ҷанубу ғарбии Пастии Наздикаспий аз с. б. пасттар буда, релефаш хеле ҳамвор ва аз пастхамиҳои аллювиалӣ-аккумулятивии Терску Кум ва Терско Сулак иборат аст. Дар ҷануби ш. Махачқалъа қад-қади доманакӯҳҳо тасмаи борики Пастии Приморск бо пляжи регзори паҳноияш 100–400 м ва чандин суффаи баҳрии аз 20 то 200-метра тӯл кашидааст. Аз солҳои 70-уми асри 20 ҳудуди наздисоҳилӣ дар натиҷаи трансгрессияи (баромадани баҳр ба хушкӣ) баҳри Каспий зери об мемонанд. Релефи қисми ҷанубии Доғистон кӯҳист. Аз Қафқози Бузург қ-кӯҳҳо (баландиашон то 1200 м) ба шимолу ғарб ва ҷанубу шарқ тӯл кашидаанд, ки бо водиҳои васеъ, пастхамиҳо ва теппаҳо (пуштакӯҳи Буйнак) ҷудо шудаанд. Дар релефи кӯҳии пасту миёна, ки Дохиликӯҳӣ ва Оҳаксангӣ ном доранд, пуштакӯҳҳои оҳаксангӣ (Гуниб), бисёрфона (Салатау, Лес), қ-кӯҳҳои гунбазшакли паҳн (Анди ва ғ.) мавҷуданд, ки бо пастхамиҳои эрозионӣ (Ботлих ва Ирганай) водиҳои дарамонанди дарёҳо, аз ҷумла бо водии амиқи д. Сулаки (амиқтарин дар ҷаҳон) аз ҳамдигар ҷудо шудаанд.

Ҷуғрофиё ва сарватҳои табиъӣ вироиш

Қисми зиёди масоҳати Доғистон (ғайр аз Пастии Терску Кум) дар ҳудуди силсилаи чиндори Қафқози Бузурги минтақаи фаъоли Алпу Ҳимолой ҷойгир шудааст. Сарватҳои зеризаминии муҳимми Доғистон нафт ва гази сӯзандаи табиӣ (дар наздикии ш-ҳои Махачқалъа, Сукокумски Ҷанубӣ ва тунукобаи баҳри Каспий) мебошанд. Дар Доғистон конҳои колчедан (Қизилдара ва ғ.), стронсий, қалъагӣ, волфрам, симоб, бисмут, инчунин сулфури холис, гач, варақсангҳои сӯзанда, ангиштсанг, масолеҳи бинокории табиӣ (рег, гил, шағал, оҳаксанг, мергел, доломитҳо ва ғ.) ва чашмаҳои минералии гуногун (зиёда аз 250 чашма) ва чашмаҳои оби гарм (Махачқалъа, Избербош ва Қизляр) мавҷуданд, ки дар онҳо осоишгоҳҳо бунёд шудаанд.

Иқлим вироиш

Шароити табиии Доғистон барои зиндагӣ мувофиқ мебошад. Иқлимаш континенталӣ, дар қисми шимолӣ хушк аст, зимистонаш хунук (ҳарорати миёнаи январ – 2,5 то – 5,2°С) ва тобистонаш гарм (июл 24–25°С), дар Пастии Приморскии наздибаҳрӣ зимистон гарму намнок (январ 0,8–1°С) ва тобистон хушки гарм (июл 24°С), дар кӯҳҳо тобистон кӯтоҳи салқин (июл то 5°С) ва зимистон хунуки бардавом (январ то –12°С). Миқдори боришоти солона дар ҳамвориҳо то 200 мм, дар қисми шимолӣ то 400 мм, дар қисми ҷанубии Доғистон дар кӯҳҳо 400–1200 мм. Дар Доғистон 127 пирях (масоҳати умумиашон 41,3 км2) мавҷуданд. Дар Доғистон тӯли 100 соли охир масоҳати пиряхҳо қариб ду маротиба кам шудааст. Дар Доғистон 6225 дарё (тӯли умумиашон 18346 км) мавҷуданд. Ҳамаи дарёҳо ба ҳавзаи баҳри Каспий дохил мешаванд; танҳо 20-тои онҳо ба баҳр мерезанд. Дарёҳои калонтарин: Терек,  Сулак, Самур, Рубас. Дарёҳои Доғистон баҳору тобистон сероб гардида, обхезӣ мешавад. Манбаи асосии дарёҳо барфу борон ва обҳои зеризаминӣ буда, аксари дарёҳои ҳамвориҳо ва доманакӯҳҳо хушк мешаванд. Иқтидори ҳидроэнергетикии дарёҳои Доғистон – 55,2 млрд кВт/соат. Бо мақсадҳои ҳидроэнергетикӣ ва обёрӣ дар Доғистон зиёда аз 20 обанбор, аз ҷумла Чиркейск (2,78 км3) дар д. Сулак бунёд шудаанд. Доғистон зиёда аз 100 кӯл (масоҳати умумиашон 150 км2) дорад.

Хок, олами наботот ва ҳайвонот вироиш

Хоки пастиҳо – хурмоӣ, марғзорӣ ва шӯрзамин, доманакӯҳҳо – хурмоӣ ва бешагӣ, кӯҳҳо – сиёҳхоки кӯҳӣ. Дар қисмати ҳамворӣ нимбиёбонҳои гиёҳҳои хӯшадор ва шӯразамин, ҷо-ҷо марғзор ва ботлоқу даштҳои хушк мавҷуданд. Дар Доғистон шӯразаминҳо бисёранд. Дар ҷануб дар даштҳои хушки наздик ба доманакӯҳҳо рустаниҳои гуногуни хӯшадор мерӯянд. Дар делтаи д-ҳои Терек ва Сулак ботлоқзорҳо, қамишзорҳо, марғзорҳои халиҷӣ, чаманзорҳои дарёбод (наздидарёӣ) мавҷуданд. Ҷангалҳо 7,8 дарсади Доғистон-ро ишғол намудаанд. Дар баландии 600 м баъди ҷангали дарахтони паҳнбарг чарогоҳҳои рустаниҳои гуногун ва хӯшадор оғоз мешаванд. Дар баландии 1700–1800 м марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ бештаранд. Дар баландкӯҳҳо марғзорҳои субалпӣ (то 2500 м) ва алпӣ (то 2800–3000 м) бартарӣ дошта, аз он баландтар ҷо-ҷо рустаниҳои ба хунукӣ тобовар мерӯянд. Олами ҳайвоноти Доғистон аз 90 намуди ширхӯрҳо, беш аз 300 намуди паранда, 40 намуди хазандаҳо, 5 намуди ҳайвоноти обхокӣ ва 75 намуди моҳӣ иборат мебошад. Дар Доғистон 1250 намуди рустаниҳои олиташаккул (нодир), аз ҷумла 278 намуди дарахту бутта мерӯянд. 79 намуди рустанию занбӯруғҳои машҳури Доғистон ва 60 намуди ҳайвоноти муҳрадор соли 2003 ба Китоби сурхи Федератсияи Руссия дохил шудаанд. Мушкилоти экологии Доғистон – ифлос шудани обу ҳаво, вайроншавии хок дар натиҷаи равандҳои номусоиди экзогенӣ, харобшавии чарогоҳҳо, аз лойқа пур шудани обанборҳо, камшавии оби рӯдҳои хурд, камшавии масоҳати ҷангалҳо (дар асри 20 ду баробар кам шудааст), камшавии захираҳои биологии баҳри Каспий. Дар ноҳияҳои истихроҷи нафт ва сарватҳои зеризаминӣ вайроншавии ландшафт мушоҳида мешавад. Дар Доғистон барои ҳифзи ҳудудҳои табиӣ Мамнуъгоҳи Доғистон, 13 парваришгоҳ, боғи табиии «Бешазори қадимии Самур» ташкил карда шудаанд.

Аҳолӣ вироиш

Доғистон ҷумҳурии аз ҳама сермиллати Федератсияи Руссия мебошад. Дар он зиёда аз 30 мардум ва гурӯҳҳои этникӣ зиндагӣ мекунанд. Сершумортарини онҳо аварҳо (29,21%), андиҳо (1,2%), сезиҳо (0,4%), дарғинҳо (16,5%), лаксиҳо (5,4%), лазгиҳо (13%), табасариниҳо (4,2%), агулҳо (0,8%), рутулиҳо (0,8%), сахурҳо (0,3%), кумикҳо (14,1%), нӯғайҳо (1,4%), татҳо (0,03%) мебошанд. Русҳо – 4,6%, озарбойҷониҳо – 4,2%, чеченҳо – 3,3%, арманиҳо –0,2%, тоторҳо 0,1% ва украинҳо – 0,1%-ро ташкил медиҳанд. Забони давлатии Доғистон русӣ ва забонҳои маҳаллии он мебошад. 14 забони Доғистон алифбо доранд. Доғистониҳо ба чор гурӯҳи забонҳои асосӣ ҳарф мезананд. Таваллуд – 19,6 ба 1000 нафар (2016). Фавт – 6,0 ба 1000 нафар, фавти навзодон – 16,1 ба 1000 нафар. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ 72,7 сол (аз ҳама бадандтарин дар Руссия; мардон – 68,7, занон – 76,6). Зичии миёнаи аҳолӣ 59,99 нафар дар 1 км2 (2016). Аз ҳама минтақаҳои сераҳолии Доғистон қисми марказии он ва соҳилҳои ҷанубу шарқии баҳри Каспий мебошанд. Шаҳрҳои сераҳолиаш Махачқалъа (587876), Хасавюрт (138420), Дарбанд (122354), Каспийск (110080) ва Буйнакск (63888).

Дин вироиш

Қариб 90 дарсади аҳолӣ мусулмон ва 5% муътақиди дини насронӣ мебошанд. Дар ҳудуди Доғистон ҷамоа ва ибодатхонаҳои камшумори ҷараёнҳои гуногуни протестантӣ, қадимӣ, арманӣ-григорианӣ, ҷамоаҳои яҳудиён мавҷуданд. 87 дарсади аҳолӣ сунниҳо ва 2,5–3% шииёнанд. Аз охири асри 20 ва ибтидои асри 21 тариқаҳои тасаввуфии нақшбандия, шозилия ва қодирия аз нав ба фаъолият оғоз намуданд. Аксари муассисаҳои таълимии мусулмонӣ зери назорати гурӯҳҳои тасаввуфӣ қарор доранд. Дар Доғистон 1670 масҷид фаъолият доранд. Маъмулан пайравони ҷараёни православӣ русҳо мебошанд. Аз соли 1998 ҳудуди Доғистон ба епархия (округи калисоӣ-маъмурӣ)-и Боку-Наздикаспийи калисои православии русии патриархати Маскав дохил шудааст. Епархия ду маркази динӣ (Махачқалъа ва Қизляр)-ро муттаҳид намуда, 14 калисо дорад. Дар назди калисои ҷомеи Успенскийи Муқаддас дар Махачқалъа ва ибодатхонаи Георгии Муқаддас дар Қизляр мактабҳои динӣ фаъолият доранд.

Таърих вироиш

Боқимондаҳои одамони қадим дар Доғистон дар бошишгоҳи Дарвагчай (ҷанубии Доғистон, солҳои 2003–05) пайдо шудаанд, ки ба давраи Ашели барвақт (800–600 ҳазор сол пеш) тааллуқ дошта, дар бораи эҳтимолияти муҳоҷирати одамон аз Африқо ба Авруосиё шаҳодат медиҳанд. Бозёфтҳое маълуманд, ки ба давраи Ашели баъдина (150–80 ҳазор сол пеш) тааллуқ доранд. Аз давраи Мустйе бошишгоҳҳои муваққатӣ ва ғорӣ (Курмала-када) падид омадаанд. Баъзе бозёфтҳоро ба давраи палеолити поён мутааллиқ медонанд. Дар давраи мезолит тибқи маводди бошишгоҳи Чох маданияти чохӣ, ки ба маданиятҳои Наздикаспийи Ҷанубӣ наздик аст, ба қайд гирифта шудааст, ки анъанаҳои он дар давраи неолит ба пайдоиши кишоварзӣ, чорводорӣ, манзилҳои аз санг сохташуда ва зарфҳои кулолии тагпаҳн алоқаманд мебошанд. Аз давраи энеолит (5–4 ҳазор сол то м.) манзилҳои сангини гирдшакл (Гинчи) ва мавсимӣ боқӣ мондаанд. Дар асри биринҷии барвақт (охири асри 4 ва асри 3 то м.) қаринаи маданияти куроараккии шимолу шарқӣ паҳн мегардад, ки дар асри биринҷии миёна онро чандин маданиятҳои маҳаллӣ иваз мекунанд. Ёдгориҳои асри биринҷӣ ва оҳан ба гурӯҳи мадании «шимолӣ» ва «ҷанубӣ» тааллуқ дошта, анъанаҳои он дертар ҳам дар робитаи зич бо скифҳо мушоҳида мешаванд. Парастишгоҳи асри оҳани барвақт (Хосрех) пайдо шудааст. Сангнигораҳои давраҳои гуногун ва ҳайкалҳои одамшакли биринҷӣ машҳур мебошанд. Ёдгориҳои асри 3 то м. ва асри 4 милодӣ ба давраи албанӣ-сарматӣ ҷудо мешаванд, ки ба пайдоиши шаҳрҳо (Дарбанд, Урсеки, Таргу) рост меоянд. Асрҳои 5–7 Дарбанд маркази муҳим буд, ки мисли дигар иншооти мудофиавӣ давлати Сосониёнро дар шимол аз ҳуҷуми душман ҳимоя менамуд. Дар сеяки охири асри 6 Қафқози Шимолӣ ба ҳайати хоқонии турк ворид гардид, ки баъдтар дар он қувваи пешбаранда хазарҳо буданд. Дар ҳудуди Доғистон хунҳо (гуннҳо), савирҳо, маскатҳо, таваспарҳо, схаватҳо маскун буданд. Дар қисми кӯҳистони Доғистон созмонҳои мустақили давлатии Шандан, Филан, Карах, Лакз ва Табасаран вуҷуд доштанд. Муборизаи шадид миёни Хилофат ва хоқонии Хазар барои бартарӣ дар Қафқози Шарқӣ дар асрҳои 7–10 бо ғалабаи Хилофат анҷом ёфт. Дар асрҳои 10–11 Дарбанд, Гумик, Кайтоғ, Серир ва Зиреҳгарон пурқувват шуданд. Асрҳои 8–12 ҷои бутпарастиро дар аксари ноҳияҳо динҳои ислом ва насронӣ гирифтанд. Соли 1220 лашкариёни муғулу тотор аз ноҳияҳои кӯҳии Доғистон гузашта, соли 1239 Дарбандро забт намуданд. Дар асри 14 ба Доғистон сипоҳиёни Ӯзбекхон, Тухтамиш ва Темур ҳуҷум карданд. То асри 15 дини насронӣ аз тарафи ислом танг карда бароварда шуд. Мавқеи ҷуғрофиёии минтақа боиси ихтилоф миёни Форс ва империяи Усмонӣ гардида, Доғистон мавзеи задухӯрди онҳо қарор гирифт. Аз асри 17 тоҷикон аз соҳили д-ҳои Ому ва Сир ба ин минтақа кӯчида, мавзееро бо номи Обсиёҳкент обод кардаанд (муфассал нигар Обсиёҳкент). Дар асри 16 ва ибтидои асри 17 дар Доғистон 7 мулки мустақили феодалӣ мавҷуд буд: хониҳои Авар, Дарбанд, Қозикумух, Кайтоғ, Табасаран, Тюмен ва Сахур. Дар миёнаҳои асри 17 вазъи сиёсии Доғистон тағйир ёфт. Асоси хоҷагии мардумони Доғистон-ро дар асрҳои 16–17 кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ ташкил менамуд. Дар ҳамвориҳо ва доманакӯҳҳои Доғистон зироатҳои ғалладона кишт мекарданд. Камии замини кишт ва набудани имконияти аз ҳисоби кишоварзӣ таъмин намудани озуқаворӣ сокинони кӯҳистонро ба ҳунармандӣ водор менамуд. Дар минтақаи кӯҳистон коркарди пашму филиз, дар доманакӯҳҳо қолинбофӣ, истеҳсоли аслиҳа ва маҳсулот аз чӯб, матоъҳои катонӣ ва ғ., дар қисмати наздибаҳрӣ кирмакпарварӣ ва шоҳибофӣ (нахҳои шоҳӣ ба шаҳрҳои рус ва Аврупо фиристода мешуд) ривоҷ ёфта буданд. Соли 1723 дар натиҷаи юриши Форс қисмати наздибаҳрии Доғистон ба ҳайати империяи Руссия дохил карда шуд, вале тибқи созишномаи Гянҷин (1735) ба Форс гузашт карда шуд. Қисмати кӯҳистони Доғистон амалан соҳибистиқлол буд, ҳарчанд ба он империяи Усмонӣ ва давлати Форс иддао доштанд. Соли 1742 ба Доғистон Нодиршоҳ ҳуҷум кард. Соли 1796 бо сабаби ҳуҷуми Оғомуҳаммадхони Қоҷор қисми наздибаҳрии Доғистон ба империяи Руссия ҳамроҳ карда шуд, вале соли 1797 сипоҳи рус аз он ҷо бадар гардид. Мувофиқи сулҳномаи Гулистон (1813) Доғистон ба ҳайати империяи Руссия ҳамроҳ шуд. Аҳолии кӯҳистони Доғистон солҳои 1830 Шомилро ҷонибдорӣ намуданд ва ин ҳудудҳо дар рафти ҷангҳои Қафқоз (1817–64) майдони амалиёти ҷангӣ гардиданд. Як қисми хонии Доғистон барҳам дода, ба Имомат ҳамроҳ карда шуд. Қисми ҳамвори ҳудуди Доғистон соли 1840 ба вилояти Каспий (1846), солҳои 1846–60 ба губернияи Дарбанд ҳамроҳ гардид. Соли 1860 вилояти Доғистон ва округи Закатал таъсис ёфтанд, ки ба онҳо ҳам ноҳияҳои кӯҳӣ ва ҳам ноҳияҳои ҳамвори Доғистон дохил шуда буданд. Як қисми аҳолии Доғистон ба империяи Усмонӣ кӯчиданд, ки ин ҳаракатро ҳукумати Руссия дастгирӣ менамуд. Доғистон 13.11.1920 дар Съезд (анҷуман)-и фавқулодаи халқҳои Доғистон ҷумҳурии мухтор эълон гардид. 20.1.1921 аз вилояти Доғистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Доғистон таъсис дода шуд. Солҳои 1922–23 ба Доғистон округи Хасавюрт, ноҳияҳои Қизляр ва Ачикӯл ҳамроҳ карда шуданд. Солҳои 1944–57 якчанд ноҳияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Чечену Ингуш ба ҳайати Доғистон дохил буданд. 26.7.1994 конститутсияи нави Доғистон қабул гардида, мақомоти олии ҳокимияти иҷроия – Шӯрои давлатӣ эълон гардид (аз намояндагони 14 халқ иборат буд) ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Доғистон Ҷумҳурии Доғистон номгузорӣ шуд.

Кишоварзӣ вироиш

Доғистон ба ноҳияи иқтисодии Қафқози Шимолӣ дохил мешавад. Ҳаҷми арзиши  маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти саноат 2 баробар зиёд аст. Дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷамъоварии ангуру сабзавот, истеҳсоли машрубот, саршумори бузу гӯсфанд мавқеи асосӣ доранд. Дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ҳиссаи кишоварзӣ 28,3%, тиҷорат 18,0, хидматҳои ғайрибозорӣ 17,1, саноат 12,9, сохтмон 9,8, нақлиёт ва алоқа 7,5, соҳаҳои дигар 6,4%-ро ташкил медиҳанд (2016). Таносуби муассисаҳо аз рӯи шакли моликиятдорӣ: хусусӣ 58,3, давлатӣ ва шаҳрӣ 37,2, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ 0,2 ва дигар шаклҳои моликиятдорӣ 4,3% .

Арзиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 21,9 млрд рублро ташкил мекунад, ки 51 дарсади он ба маҳсулоти рустанипарварӣ рост меояд. Масоҳати заминҳои хоҷагии қишлоқ 3313,8 ҳазор га (65,8%-и масоҳати ҷумҳурӣ), аз ҷумла 15 дарсади он заминҳои корамро ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳиссаи чарогоҳ дар сохтори кишоварзӣ Доғистон дар Қафқози Шимолӣ яке аз ҷойҳои аввалин ва аз рӯи замини кишт яке аз ҷойҳои охиринро ишғол менамояд. Токдорӣ дар ноҳияҳои поёноби д-ҳои Терек ва Сулак, инчунин дар доманакӯҳҳои Доғистон-и Шарқӣ ривоҷ ёфтааст. Дар боғҳои водиҳои д-ҳои Самур, Гулгеричай, Койсуи Анди, Койсуи Аварӣ, Қарокойсу, дар ҷанубу шарқии Пастии Приморск зардолу, гелос, себ, шафтолу, олу, анҷир, хурмо ва бодом парвариш карда мешаванд. Сабзавоткорӣ бо полизиҳо 19,2 дарсади заминҳои корамро ташкил медиҳанд. Инчунин ғалладонагиҳо парвариш карда мешаванд. Соҳаи анъанавии чорводорӣ гӯсфандпарварӣ буда, инчунин чорво барои гӯшту шир, буз, паранда, оҳу ва асп парвариш карда мешавад. Моҳидорӣ низ инкишоф ёфтааст. Дар муассисаҳои кишоварзӣ 40 дарсади ғалла, дар хоҷагиҳои аҳолӣ қариб 93 дарсади  картошка, 90 дарсади сабзавот, 86,5 дарсади чорво ва паранда барои гӯшт, 82,2 дарсади  шир ва 47 дарсади ғалла истеҳсол карда мешавад.

Саноат вироиш

Дар сохтори маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати хӯрокворӣ 32,7%, электроэнергетика 21,9%, саноати сӯзишворӣ 19,8%, мошинасозӣ ва коркарди филиззот 13,4%, саноати масолеҳи бинокорӣ 5,6%, кимиё ва нафтукимиё 2,9% ва саноати сабук 0,9% мебошад. Нафту газ дар конҳои Димитров, Агачбулоқ ва Озёрное истихроҷ карда мешаванд. З-ди коркарди нафти Махачқалъа фаъолият дорад. Доғистон бо неруи барқи худӣ пурра таъмин аст. Калонтарин неругоҳҳои барқи обии Доғистон: Чиркей (дар д. Сулак, иқтидораш 1000 МВт) ва Ирганай (дар д. Койсуи Авар, иқтидораш 400 МВт). Маҳсулоти асосии саноати мошинасозӣ: таҷҳизоти гуногуни киштиҳо, авиатсионӣ ва электротехникӣ, дизелҳо, асбобҳо, техникаи ҳисоббарор, дастгоҳҳои суфтагарӣ, таҷҳизот барои саноати хӯрокворӣ ва ғ. Корхонаҳои калонтарин: гурӯҳи ширкатҳои  «КЭМЗ», «Дагдизел», «Авиаагрегат», «Электросигнал», «Дагэлектромаш» ва ғ. Корхонаҳои саноати кимиё кислота (ишқор)-и фосфор («Дагфос», Қизилюрт), локу ранг (з-ди локу ранг, Махачқалъа), лӯлаҳои полипропиленӣ, шиша ва ғ. истеҳсол мекунанд. Маҳсулоти асосии саноати масолеҳи бинокорӣ: деворҳои оҳанубетонии васлшаванда (комб-ҳои «Дагстройиндустрия» ва «ДСК-и Махачқалъа», «Дагюгстрой» (Дарбанд), «Аист» (Қизилюрт) ва ғ.), хиштпазӣ («Силикат», Махачқалъа). Истихроҷи оҳаксанг (Дарбанд) ва ашёи хоми минералӣ ба роҳ монда шудааст. Соҳаҳои асосии саноати сабук: бофандагӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли пойафзор ва қолинбофӣ. Ҳунарҳои бадеии халқӣ: коркарди филиз, аз ҷумла истеҳсоли силоҳ ва зарфҳои армуғонӣ, маҳсулоти ороишӣ, кулолӣ, маснуоти чӯбини бо филиз, садаф ва устухон орододашуда ва хотамкорӣ дар мис ривоҷ ёфтаанд. Саноати хӯрокворӣ асосан ба коркарди ангур махсус гардонида шуда, машруботи баландсифат истеҳсол карда мешавад. Корхонаҳои асосии ин соҳа: з-дҳои машруботи Қизляр, шароби Дарбанд, «Избербош», «Каспийвинпром» ва ғ. Коркарди моҳӣ низ инкишоф ёфтааст: ширкати тиҷоратии саноати моҳии «Порт-Петровск» (моҳии зинда ва яхкунонидашуда, консерваҳо ва орди моҳӣ), комб. моҳии «Главный Сулак», «Дагрыбхоз» (ҳама дар Махачқалъа). Инчунин истеҳсоли консерваҳои гуногун (заводҳо дар Дарбанд ва Буйнакск), аз ҷумла шарбат, мураббо, ҷем, компотҳо, дар Қизляр истеҳсоли консерваҳои гӯштӣ, мевагӣ, сабзавотӣ ба роҳ монда шудааст. Фабрикаи қаннодӣ (Избербош), з-ди шир (Махачқалъа), ширкати «Дагестанхлебопродукт» (Махачқалъа), з-ди равған ва комб. гӯшти «Золотой телёнок» (Қизляр) фаъолият доранд. Маркази асосии саноатӣ – Махачқалъа, марказҳои калони саноатӣ – Буйнакск, Дарбанд, Қизляр, Каспийск ва Избербош.

Нақлиёт вироиш

Қисми зиёди ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар дохили ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Дарозии роҳҳои автомобилгарди асфалтпӯш – 7461 км (2016). Аз ҳудуди Доғистон шоҳроҳи аҳаммияти федералидоштаи «Қафқоз» (Краснодар – Грозний – Махачқалъа – сарҳад бо Озарбойҷон) мегузарад. Дарозии р. о. – 516 км. Муҳимтарин хатҳои р. о.: Маскав–Грозний–Гудермес–Махачқалъа–сарҳад бо Озарбойҷон–Боку ва Махачқалъа–Қизляр–Астрахан (р. о. Қизляр–Карланюрт охири солҳои 1990 сохта шудааст). Бори асосӣ: нафт, маҳсулоти нафтӣ, ғалла, масолеҳи бинокорӣ, таҷҳизоти гуногун ва ғ. Нақлиёти баҳрӣ асосан кашондани борҳои хориҷиро таъмин менамояд. Бандари асосии баҳрӣ – Махачқалъа (гардиши бор қариб 4,5 млн т); ягона бандари Руссия дар соҳилҳои баҳри Каспий, ки ях намекунад. Аз ҳудуди Доғистон лӯлаҳои хатти нафти Боку (Озарбойҷон) – Новороссийск (кишвари Краснодар), лӯлаҳои хатти гази Моздок (Осетияи Шимолӣ) – Қозӣ Муҳаммад (Озарбойҷон) ва Макат (Қазоқистон) – Қафқози Шимолӣ мегузаранд. Фурудгоҳи байналмилалӣ дар Махачқалъа ҷойгир аст.

Тандурустӣ вироиш

Дар Доғистон ба 10 ҳазор кас аз аҳолӣ 38,2 табиб, 80,3 ҳамшираи тиббӣ, 69,7 кати хоб рост меояд. Ифлосии бактереологии обу хок, мавҷудияти манбаъҳои туляремия, брутселлёз ва ғ. боиси авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ гардидаанд (қариб 250 ҳазор беморӣ дар як сол). Дар Доғистон Маркази тиббии ба номи Р. П. Аскархонов, Маркази ҷумҳуриявии ташхис дар Махачқалъа, осоишгоҳҳои Каякент, Талги ва ғ. фаъолият доранд.

Маориф вироиш

Дар низоми маорифи Доғистон 733 муассисаи томактабӣ (2016, зиёда аз 80 ҳазор тарбиятгиранда), зиёда аз 1600 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 24 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи махсус, 96 муассисаи таълимии фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 41 мактаби мусиқӣ, 13 мактаби бачагонаи бадеӣ, 42 мактаби санъат ва Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ амал мекунанд. Дар низоми таҳсилоти олӣ 6 мактаби олии давлатӣ, филиали Академияи давлатии ҳуқуқи Маскав ва ғ. фаъолият доранд. Маркази илмии доғистонии АИ Руссия беш аз 10 муассисаи илмиро дар бар мегирад. Дар Доғистон 1031 китобхона, 1070 клуб, 15 осорхона, аз ҷумла Осорхонаи муттаҳидаи таърихӣ-меъмории Доғистон амал мекунанд.

ВАО вироиш

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилооти омма ва ҳифзи мероси мадании Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Доғистон 431 ВАО, аз ҷумла 249 рӯзнома, 40 маҷалла ва 6 оҷонсии иттилоотӣ ба қайд гирифта шудаанд. Рӯзномаҳои теъдоди нашрашон зиёд: «Новое дело» (27,7 ҳазор нусха), «Истина» (18,6 ҳазор), «Махачкалинские известия» (17,3 ҳазор), «Лезги газет» (14,6 ҳазор), «Молодеж Дагестана» (14,2 ҳазор), «Замана» (13,4 ҳазор) ва «Дагестанская правда» (10,2 ҳазор нусха). Дар Доғистон 80 студияи телевизион ва радио ба қайд гирифта шудаанд. 8 шабакаи телевизионии ноқилӣ фаъолият доранд. Қисми асосии корхонаҳои табъу нашр ба давлат ва шаҳрдорӣ, 19 дарсадашон ба бахши ғайридавлатӣ тааллуқ доранд.

Адабиёт вироиш

Адабиёти халқҳои Доғистон ба забонҳои аварӣ, дарғинӣ, кумикӣ, лазгӣ, лакӣ, нӯғайӣ, табасаранӣ, татӣ, инчунин ба забони русӣ инкишоф ёфтааст. Аз асри 7 сар карда дар маданияти Доғистон таъсири анъанаҳои арабӣ мушоҳида карда мешавад. Дар асри 10 жанри адабиёти маънавӣ ба забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ васеъ паҳн гардид: ёдномаҳои зиндагии одамони муқаддас («Таърихи Абумуслим»), солномаҳо («Дарбанднома», «Таърихи Дарбанд ва Шервон»), мавлудномаҳо (дар бораи ҳаёти паёмбар Муҳаммад), панду насиҳат ва ғ. Аз асри 18 сар карда дар адабиёти авар ва баъдтар дар адабиёти дигар – низоми хаттии эронӣ дар асоси ҳуруфоти арабӣ муқаррар мешавад. Охири асри 18 – ибтидои асри 19 ҷои анъанаи бонуфузи забони арабиро эҷодиёти бадеӣ ба забонҳои миллӣ мегиранд. Дар нимаи 2 асри 19 адабиёти миллӣ ташаккул меёбад. Дар ташаккули жанри насрӣ очеркҳои маорифпарварони Доғистон А. Умаров, Ҳоҷӣ Алӣ, Г. М. Амиров, А. Мамедов ва ғ. нақши бузург бозидаанд. Дар адабиёти ибтидои асри 20 масъалаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дошта, даъват барои нав кардани сохтори куҳна садо медиҳад: достони «Шикояти кӯҳҳои Қафқоз»-и кумик М. Алибеков (1905), повести «Ҳабибаи бечора»-и кумик Н. Ботирмирзоев (1910) ва ғ. Муаллифи аввалин драмаи доғистонӣ («Сайқалдиҳандаҳо», 1914) драманависи лакӣ ва ходими ҷамъиятӣ Г. Саидов буд. Достони лирикии «Марям» (1915)-и шоири классики авар Маҳмуд мавзӯи ҳарбиро дар бар мегирад. Мавзӯи табадуллоти инқилобӣ дар асарҳои Ҳамзат Садаса (падари Р. Ҳамзатов), З. Г. Ҳоҷиев, Р. Динмагомаев, А. К. Закуев, асосгузори ҳаҷви дарғинӣ А. Иминагаев («Заҳмати мулло», 1934) инъикос ёфтааст. Солҳои 1930 жанри роман ташаккул ёфт: «Қаҳрамонони пӯстинпӯш»-и Р. Динмагомаев (1933), «Моҳигирон»-и М. Ю. Бахшиев (1933), «Занҷирҳои гусаста»-и А. Фатахов (1934). Эҷодиёти Э. М. Капиев (маҷмӯаи лирикии «Ҳаккокӣ дар санг», 1940) – тарҷумони фолклор ва шеъри шоирони доғистонӣ, мураттиби аввалин гулчини шеърҳо хеле машҳур аст. Дар насри баъдиҷангӣ повестҳои М. Сулаймонов, М. А. Магомедов, А. Аҷаматов, Х. Доғистон Авшалумова; романҳои И. Каримов нақши муҳим доранд. Давраи нави инкишофи адабиёти Доғистон бо эҷодиёти бузургтарин шоири нимаи 2 асри 20 Р. Ғ. Ҳамзатов алоқаманд аст. Р. Ҳамзатов аз адабиёти классикии форс-тоҷик баҳраи эҷодӣ бардошта, дар аксари шеъру навиштаҷоташ аз суханварони бузурги форс-тоҷик бо сипос ёдовар шудааст. Р. Ҳамзатов нисбат ба адибону адабиёти тоҷики давраи шӯравӣ, аз ҷумла С. Айниву А. Лоҳутӣ ва М. Турсунзода ихлосу эҳтиром дошт. Дар шеъру мақолаҳояш, аз ҷумла эссеи «Гулбоғи шоир» (1968) ба шахсияту эҷодиёти М. Турсунзода баҳои баланд додааст, ҳамчунин шеъру достонҳои ӯро ба забони аварӣ тарҷума кардааст. М. Турсунзода низ ба дӯсти худ Р. Ҳамзатов шеърҳо («Дар Доғистон») бахшидааст. Р. Ҳамзатов барои пешрафти эҷодии шоирони тоҷик М. Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор ва дигарон ёрӣ расондааст. Ба куллиёти чаҳорҷилдаи М. Турсунзода, маҷмӯаи шеърҳои русии Гулрухсор «Аз паи хуршед» муқаддима навиштааст. Китобҳои Р. Ҳамзатов «Доғистони ман» 3 бор; (соли 1972, нашри дуввум 1984 ва нашри севвум 2011) ва «Модаронро пос доред» (1985) ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон нашр шудаанд. Дар охири асри 20 жанри роман ташаккул ёфта, бештар ба масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ ва равонии қаҳрамонон диққат дода шудааст. Миёни авариҳо нависандагон – Ф. Г. Алиева, М. Г. Гаирбекова, Адалло, О. Г. Шахтаманов, М. Аҳмадов; дарғиниҳо – Р. М. Рашидов, А. А. Абубакр, Магомед-Расул, Х. М. Алиев; кумикҳо – А. Аҷиев, Ш. Албериев, Б. Магомедов; лазгиҳо – И. Ҳусейнов, А. У. Саидов, Р. Ҳоҷиев, А. Кардаша; лакиҳо – М. Магомедов, Б. Рамазонов, М. З. Аминов; табасараниҳо – М. Шамхалов, М. Митаров, Ш. Қозиева; татҳо – К. Кукуллу, Б. Сафанов, М. М. Дадашев; нӯғайҳо – Қадрия (К. О. Темирбулатова), И. С. Капаев маълуманд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ вироиш

Аз аввали асрҳои миёна дар ҳудуди Доғистон харобаҳои шаҳри хунҳо (гуннҳо) – Варачан (шаҳраки Урсеки наздикии ш. Избербош: деворҳои мудофиавӣ, ҳаммомҳо, маъбадҳои бутпарастӣ), пойтахти давлати Хазар – Семендар (наздикии деҳаи Тарки) боқӣ мондаанд. Деворҳои сангин ва қалъаҳои боҳашамати маҷмааи мудофиавии Дарбанд (тӯлашон зиёда аз 40 км) ба асри 6 рост меоянд, ки пеши роҳи Наздикаспий – роҳи асосии корвонгузар аз ҷанубу шарқии Аврупо ба Осиёи Пешро мегирифт. Муносибат бо мамлакатҳои Шарқ ба меъмории Дарбанд таъсир расонд, ки услуби ҳар давра аён мебошад. Иншооти мудофиавии асри 6 ба иншооти Эрони сосонӣ монанд буда, дар меъмории асрҳои 8–9 бо таъсири маданияти арабӣ-мусулмонӣ (масҷиди Ҷумъа) ва дар меъмории асрҳои 14–15 таъсири меъмории Шервон эҳсос мешавад. Харобаҳои калисо дар шаҳраки Чиркейки Боло (ш. Беленҷер) ва Дарбанд (асрҳои 6–8) дар бораи барвақт аз Албания ба Доғистон ворид шудани дини насронӣ шаҳодат медиҳанд. Дар меъмории асрҳои 10–14 таъсири Гурҷистон дида мешавад (калисо дар деҳаи Датуна, асрҳои 10–12). Дар ноҳияҳои кӯҳистони Доғистон иншооти зиёди мудофиавии аз санг сохташуда боқӣ мондаанд: манораҳои гирду чоркунҷаи таъйиноти гуногун (манораи дидбонӣ дар авули Хореҷ, асрҳои 16–17) ва қалъаҳо. Тӯли асрҳо дар Доғистон асосан меъмории мардумӣ инкишоф ёфта, дар ҳар ҳалқият хусусияти хосси худро доштааст. Хонаҳои иқоматии асрҳои 18–19 боқӣ мондаанд, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо аз санг, дар қисми ҷанубии Пастии Приморск аз хишти хом ва росткунҷашакл сохта шудаанд. Дар асрҳои 19–20 ба ороиши намо (пештоқҳои равоқӣ, қисмҳои ороишӣ аз сангу чӯб сохташуда ва чорчӯбаҳои кандакории дару тирезаҳо) аҳаммияти зиёд дода мешуд. Масҷидҳои авулҳои Калакорейш, Каракюр, Рича (асрҳои 11–13), Сахур, Кумух (14) маъмулан росткунҷа буда, аз санг сохта шудаанд. Дар Доғистон манораҳо мудаввар (дар авулҳои Рича, Мишлеш, асри 13) ё чоркунҷа (дар деҳаҳои Шиназ, Рутул) сохта шудаанд. Мақбараҳои сангини гунбаддори чоркунҷашакл (солҳои 1682–83 ва 1807–08), пулҳои чӯбин ва сангини равоқдори орододашуда зиёд паҳн гардидаанд. Дар асри 19 зери таъсири меъмории рус биноҳо бо услуби ампирӣ сохта шудаанд. Дар замони шӯравӣ шаҳрҳои нав (Каспийск, Избербош, Хасавюрт, Қизилюрт) ва шаҳракҳои коргарӣ бунёд шудаанд. Муҳимтарин биноҳои нимаи 2 асри 20 бинои Театри драмаи русӣ ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. С. Пушкин дар Махачқалъа (1980) мебошанд. Ёдгориҳои қадимтарини санъати тасвирӣ ва ороиши амалӣ дар ҳудуди Доғистон: зарфҳои сафолии нақшдор ва ҳаккокишудаи давраи энеолит; тасвирҳои рӯисангии давраи биринҷӣ (ҳазорсолаи 2–1 пеш аз м.), ҳайкалчаҳои биринҷии одамон ва ҳайвонот. Асрҳои 11–13 дар овули Кубачи теъдоди зиёди тасвирҳои барҷаста дар сангҳо ва дегҳои биринҷӣ бо тасвирҳои одамон, ҳайвонот, саҳнаҳои шикор ва ғ., ки ба аҳди Сосониён наздиканд, офарида шудаанд. Бо пурқувват шудани ислом дар санъати Доғистон нақшунигори ҳандасӣ ва рустанӣ бо катибанигорӣ бартарӣ пайдо намуданд. Дар асрҳои миёна аксари овулҳои кӯҳистон ба марказҳои хурди косибӣ табдил ёфта буданд. Дар бисёр ноҳияҳо аз замонҳои қадим қолинҳои патдор ва бепат, бӯрё ва ҷӯробҳои нақшдор мебофтанд. Дар ҳама минтақаҳои Доғистон қолинбофӣ рушд кардааст (дар Дарбанд аз соли 1931 мактаби қолинбофӣ фаъолият дорад).

Мусиқӣ вироиш

Фолклори мардумони Доғистон чандин хусусиятҳои умумӣ доранд: бартарии яккахонӣ бо ҷӯршавии созҳои мусиқӣ, монандии созҳои мусиқӣ, рақси умумии тез (берун аз ҳудуди Доғистон онро «рақси лазгӣ» меноманд) ва ғ. Қаҳрамони марказии анъанаҳои касбии эпикӣ ашуг (далайла-усто, йирчи, кочонах, шоир) мебошад. мусиқӣ-этнографӣ ташкил карда шуда, маҷмӯаҳои рақсу сурудҳои Доғистон нашр мешуданд. Асосгузори мусиқии касбии Доғистон оҳангсоз Г. А. Гасанов мебошад. Оҳангсозони маъруфи Доғистон: Н. С. Дагиров, С. А. Агабабов, С. А. Керимов, З. М. Гаджиев, К. М. Шамасов, М. К. Касумов. Устодони санъати сарояндагии миллӣ: Б. Мурадова, П. Нусалова, А. Ибрагимова, М. Шербатова, Р. Гаджиева, И. Г. Баталбекова, Б. А. Ибрагимова, М. Гасанова; мутрибони машҳур – У. Абубакаров ва К. Магомедов. Дар Доғистон якчанд театри мусиқӣ-драмавӣ ва Филармонияи давлатӣ фаъолият доранд. Соли 1999 дар Махачқалъа театри опера ва балет ба фаъолият оғоз намуд.

Театр вироиш

Солҳои 1910–20 дар деҳаҳои гуногуни Доғистон маҳфилҳои драмавии ҳаваскорон ба вуҷуд омаданд, ки дар заминаи онҳо театрҳои касбӣ ташаккул ёфтанд. Дар Махачқалъа Театри ҷумҳуриявии драмаи русии ба номи М. Горкий (1925), Театри драмаи мусиқии кумикӣ (1930, аз соли 1955 ба номи А.-П. Салаватов), Театри драмаи мусиқии лакӣ (1935, аз соли 1952 ба номи Э. Капиев), Театри драмаи мусиқии аварӣ (1935 дар деҳаи Хунзах таъсис ёфт, аз соли 1951 ба номи Ҳ. Садаса), Театри лӯхтак (1941), Театри опера ва балет (1999); Театри драмаи мусиқии лазгӣ ба номи С. Сталский (1938), Театри драмаи табасаранӣ (2001), Театри татӣ (1962); дар Избербош – Театри драмаи мусиқии дарғинии ба номи О. Батирай (1961) фаъолият доранд. Соли 1984 дар Махачқалъа Осорхонаи таърихи театрҳои Доғистон ба кор шурӯъ намуд. Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин ансамбли тарона ва рақси Доғистон, Ансамбли рақсии «Лазгӣ», Ансамбли рақсҳои халқҳои Қафқоз «Ҷавонии Доғистон» фаъолият доранд.

 
 
Мусулмони суннимазҳаби Доғистони солҳои 1906-1915


Эзоҳ вироиш

Комментарии
Манбаъ

Адабиёт вироиш

  • Ахмедханов К. Э. Путешествие по Дагестану: Практическое руководство. — М.: Физкультура и спорт, 1988. — 272 с. — (По родным просторам).
  • История Дагестана с древнейших времён до наших дней. В двух томах. Ред. А. И. Османов. М., Наука, 2004.
  • Криштопа, А. Е. Дагестан в ХІІІ — начале XV вв. Очерк политической истории. М., Мамонт; Таус, 2007.
  • Карпов, Ю. Ю. Взгляд на горцев. Взгляд с гор. Мировоззренческие аспекты культуры и социальный опыт горцев Дагестана. СПб., Петербургское востоковедение, 2007.
  • Дагестан и мусульманский Восток. Сборник статей в честь профессора Амри Рзаевича Шихсаидова. Сост. и отв. ред. А. К. Аликберов, В. О. Бобровников. М., Издательский дом Марджани, 2010
  • Муртазалиев Р. А. Конспект флоры Дагестана. — Махачкала, 2009. — Т. 1. Бойгонӣ шудааст 9 апрели 2022  сол.

Пайвандҳо вироиш

Шаблон:Внешние ссылки Шаблон:Кавказ