Дутор, сози мусиқии халқи Осиёи Миёна аст. Дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ маъмул аст. Он аз аҳди қадим чун сози якканавозӣ ва ҷӯршаванда истифода мешавад. Маълумоти нахустинро оид ба сохт, тартиб, парда ва диг. хусусиятҳои дутор мусиқидони машҳур Зайнулобидин Ҳусайнӣ дар рисолаи мусиқиаш «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» (фасли «Дар баёни дутор») сареҳан овардааст. Мувофиқи китоби ӯ дутор дар мусиқии садаи 15 мақоми хос дошта, дуториёни машҳури давраш Юсуф Мавлуди Дуторӣ, Хоҷа Исҳоқи Дуторӣ, Хоҷа Муҳаммади Дуторӣ ва диг. дар санъати дуторнавозӣ назир надоштаанд.

Асбобҳои мусиқӣ: Рубобҳо ва дуторҳо дар Тоҷикистон
Дутор

Дутори замони пеш аз дутори имрӯза андаке фарқ дошта: пардаҳояш камтар (аз 10 зиёд набуданд), косааш бузургтар, дастааш кӯтоҳтари мушобеҳ ба сози барбат, торҳояш абрешимӣ ё филиззӣ буданд, бо мизроб (захма) навохта мешуд. Ҳоло миқдори пардаи дутор 12 ва аз он бештар буда, ҳамчун сози дӯстдоштаи мардуми ӯзбек, тоҷик, афғон, эрон, туркман, қорақалпоқ, уйғур ва диг. шуҳрат дорад. Дутор аслан аз чӯби тут ва зардолу сохта мешавад. Гоҳо аз чӯби дарахти чормағз истифода мекунанд. Тарзу тариқи сохтани Дутор аз дигар созҳои мусиқӣ фарқ дорад; косаи дуторро (аксар аз чӯби зардолу) аз тахтачаҳои тунуки нимдоираи ба ҳам ширеш месозанд, ки шакли мурӯдро дорад. Роғҳои байни тахтачаҳоро бо қабурға (тахтачаи тунук) ё дигар маводи наҷҷорӣ рӯйпӯш мекунанд. Гоҳо қисмати берунии косаи дуторро кандакорӣ ё наққошӣ менамоянд. Гарданаи коса нӯги тамоми тахтачаҳоро ҳалқасон нигоҳ медорад, ки аксар хотамкорӣ ва садафкорӣ мешавад. Рӯйи коса бо тахтаи тунуки аз чӯби тут тарошидашуда рӯйпӯш мегардад. Ба гарданаи коса дастаи суфтаи тарафи рӯяш ҳамвор, ки дар қисми болоӣ барои гӯшакҳо сӯрох ва барои нигоҳ доштани торҳо булбулак дорад, часпонида мешавад. Дастаро баъзеҳо устухонбандиву садафкорӣ намуда, бо пулакчаҳои ҷилодор оро медиҳанд. Дутор бо зеҳ пардабандӣ мешавад. Дутор чун сози якканавозӣ ва ансаблӣ садои мулоиму форам дошта, тембраш нафису ширадор аст. Ба кварта, квинта ва унисон ҷӯр мешавад.

Солҳои охир Дутор таъмир шуда, Дутори тенор ном гирифт. Ин навъи дутор бо кварта ҷӯр шуда, тори якумаш «ре»-и октаваи якум ва тори дуюм «ля»-и октаваи хурдро дар бар мегирад. Нотаи он дар калиди скрипка сабт шуда, аз навишташ як октава паст садо медиҳад. Диапазонаш аз «ля»-и октаваи хурд то «ре»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ҳар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Сувора», «Ҷигарпора», «Дилхироҷ», «Танавор», «Роҳат», «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» барин навоҳои Дутор машҳуранд. Баъзан бо садои Дутор қисмҳои созиву овозии «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давлатзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Мӯминов, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пӯлодов, Қурбони Қурбониён, Султоналӣ Худойбердиев ва диг. аз қабили мутрибон, дуторнавозони мумтоз ба шумор мераванд. Баъди с-ҳои 50 асри XX дар асоси хелҳои гуногуни дутор (Дутори алт, дутори бас, дутори контрабас, дутори прима, дутори секунда) ихтироъ шуданд. Дутор дар мактаб, коллеҷу мактабҳои олии мусиқӣ омӯзонида мешавад. Барои ин сози мусиқӣ китобу дастурҳои таълимӣ дар Тоҷикистон таълиф эҷод шудаанд.

Нигаред низ вироиш

Адабиёт вироиш

Пайвандҳо вироиш