Елена Гоголева
Еле́на Никола́евна Го́голева (25 март [7 апрел] 1900, Маскав[1] — 15 ноябр 1993, Маскав) — ҳунарпешаи рус, Артисти халқии ИҶШС (1949), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).
Таърихи таваллуд: | 25 март (7 апрел) 1900 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 15 ноябр 1993 (93 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша |
Солҳои фаъолият | аз 1918 |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома вироиш
Аз соли 1918 дар Театри Хурди Маскав кор кардааст, яке аз ҳунарпешагони номдори ин театр буд. Як силсила тимсолҳои драматикию мазҳакавии классикӣ (София, «Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов; Курчина, «Гунаҳкорони бегуноҳ»; Лидия, «Гулҳои бодоварда»; Мурзоветская, «Гургҳову гӯсфандон»; ҳама аз А. Н. Островский; герсогиня Малборо, «Як истакон об»-и Э. Скриба; бону Краули, «Ярмаркаи мағрурон»-и У. Теккер) ва муосир (Горолева, «Барои дар баҳрбудагон»-и Б. А. Лавренёва; Голорова, «Хулқи маскавӣ»-и А. В. Сафронова ва ғ.) офаридааст. Дар чандин нақшҳои романтикию фоҷиавӣ, мисли шоҳдухтар Эболи, хонум Милфорд («Дон Карлос», «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер), Марина Минишск («Борис Годунов»-и А. С. Пушкин ва ғ.) низ истеъдоди баланди ӯ ҳувайдост. Дар филмҳои «Гобсек» (1937), «Инро набояд фаромӯш кард» (1954) ва ғ. нақш офаридааст. Дорандаи мукофоти давлати ИҶШС (1947, 1948, 1949). Бо ордени Ленин ва чандин ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ вироиш
- ↑ 1.0 1.1 Гоголева Елена Николаевна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт вироиш
- Лозинская Я. Е. Н. Гогольева. М. — Л.; 1949;
- Театральная энциклопедия. Т. 2. М., 1963;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2), М., 2008.
Сарчашма вироиш
- Гоголева Елена Николаевна // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.