Зулфиқори Самарқандӣ

Зулфиқори Самарқандӣ, мутахаллис ба Фақирӣ — шоири форс-тоҷик (асри 17).

Зулфиқори Самарқандӣ

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Самарқанд. Бо Малеҳои Самарқандӣ ошноӣ доштааст. Бинобар зиндагии қашшоқона доштан, тахаллуси Фақирӣ (Фақрӣ)-ро баргузидааст. Ин ғазал аз ӯст:

Чун шамъ ба ҷуз ростравӣ пеша надорам,
Аз неку бади ҳеч кас андеша надорам.
Фарҳодаму оромгаҳам кӯҳи ҷунун аст,
Аммо хабар аз сарзаниши теша надорам.
Пайваста чу гул сархушам аз хуни дили хеш,
Парвои суроҳию сари шиша надорам.
Нахли ғамаму сокини бӯстони таваккул,
Ҷуз меҳнату андуҳ рагу реша надорам.
Фақри ману гӯшаи байтулҳазани хеш
Яъне, ки зи ҷаври фалак андеша надорам.

Адабиёт

вироиш