Зулҳулайфа (ар. ﺫﻭ ﺍﻟﺣﻠﻴﻔﻪ‎‎) — номи минтақа ва деҳкадае дар ҷануби Мадина; ҷои муайяни эҳромбандии ҳоҷиён ҳангоми маросими ҳаҷ.

Миқотгоҳи аҳли Мадина ва касоне, ки аз он убур намоянд

Зулҳулайфа яке миқотҳои панҷгонаест, ки барои бастани эҳром ба сурати камарбанди ҷуғрофӣ дар атрофи Макка муайян шудаанд. Зулҳулайфа 8 км ҷанубтари Мадина ва дар фосилаи 15 км аз Масҷиди набавӣ воқеъ гардида, ба таври умумӣ дуртарин миқотгоҳ аз Макка ва дар фосилаи тақр. 470 км (ба гуфтаи баъзе маъхазҳо – 420 км) дуртар аз он ҷойгир шудааст. Тибқи баъзе маъхазҳои таърихӣ паёмбар (с) қитъаи заминеро дар минтақаи Зулҳулайфа барои Алӣ ибни Абитолиб (р) ҷудо кард. Алӣ (р) дар он ҷо чоҳҳои об ҳафр кард ва аз ин пас минтақа ба номи «Обор» ё «Абёр Алӣ» маъруф гардид. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ин ном аз забони мардум пайдо шуда, воқеияти таърихӣ надорад. Ҳамчунин ақидае роиҷ аст, ки Зулҳулайфа номи обе аз обҳои банӣ Ҷашм буда, минтақа бо он номгузорӣ шудааст. Бар асоси ривоятҳои сират ва ҳадис, паёмбар (с) вақте ба сӯи Макка равон мешуд, зери дарахте дар ҷои масҷиди Шаҷара, ки дар Зулҳулайфа аз самти Мадина воқеъ аст, намоз мехонд ва вақте бармегашт, дар Зулҳулайфа дар водие маъруф ба Водии Ақиқ намоз мегузорид. Паёмбар (с) барои ҳаҷҷатулвадоъ низ аз Зулҳулайфа эҳром бастааст. Имрӯз аксари мардуми Шом, Ироқ ва моварои он аз тариқи Мадина ба ҳаҷ мераванд ва аз миқотгоҳи Зулҳулайфа эҳром мебанданд.

Дар замони халифаҳои рошид дар Зулҳулайфа, дар ҷои дарахте, ки паёмбар (с) зери он намоз мегузорид, масҷиди хурде бо номи «масҷиди Шаҷара» бино гардид. Масҷидро Умар ибни Абдулазиз дар асри 7 бозсозӣ ва васеътар кард, вале он баъдҳо хароб шуд. Дар замони шоҳони Арабистони Саудӣ Файсал ибни Абдулазиз ва Фаҳд ибни Абдулазиз масҷиди Шаҷара дар Зулҳулайфа аз нав бозсозӣ ва фазои он васеъ карда шуд ва барои бастани эҳром имконоти муносибе, аз қабили ташнобҳо, ғуслгоҳҳо ва ғ. дар он фароҳам гардид. Имрӯзҳо он бо номҳои масҷиди Зулҳулайфа, масҷиди Миқот ва масҷиди Эҳром машҳур аст.

Адабиёт вироиш

  • А. Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. — Душанбе, 2017. — 992 с.
  • А. Боқизода. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. — Душанбе, 2013. — 272 с.