Мирзо Иброҳими Исфаҳонӣ (форсӣ: میرزا ابراهیم اصفهانی[1]; ? — 1581, Қазвин) — шоир, хаттот ва фарҳангнависи форс-тоҷик.

Иброҳими Исфаҳонӣ

Зиндагинома вироиш

Падараш Мирзо Шоҳҳусайни Исфаҳонӣ аз мансабдорони дарбори Шоҳ Исмоили I (1502—1524) буд. Бо дастгирии падараш илмҳои замонашро омӯхта, ба ҳунари хушнависӣ бештар рағбат пайдо кард. Пас аз қатли падар ба Қазвин рафта, бо фазилат, зеҳни бурро ва истеъдоди фавқулодааш зуд машҳур шуд. Хонаи ӯ маркази ҷамъомад ва маҳфилҳои шоирону донишмандон буд. Дар навиштани хатти настаълиқ ҳамто надошт. Хаттотони маъруф Ҳасаналии Машҳадӣ, Сайидаҳмади Машҳадӣ, Мирмуиззии Кошонӣ ва Шоҳмуҳаҳаммад пайравони ӯ буданд.

Иброҳими Исфаҳонӣ фарҳанги тафсирие ба форсӣ низ навиштааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш