Иброҳимҷон Дӯстализода

Иброҳимҷон Дӯстализода (1991, деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент) — шоир ва тарҷумони тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (2019)[1].

Иброҳимҷон Дӯстализода
Ном ба ҳангоми таваллуд: 1991
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Иброҳимҷон Дӯстализода соли 1991 дар деҳаи Варзикандаи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети филологияи ДМТ аст. Чанд муддат омӯзгорӣ намуда, айни ҳол дар ширкати байналмилалии роҳу кӯпруксозии «Синдзиян Бейсин»-и ҶМ Чин фаъолият мекунад[2].

Эҷодиёт вироиш

Намунаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд. То имрӯз се маҷмуаи шеър — «Дуруд, фардо» (2012), «Мусиқии нафас» (2016) ва «Пайи имдоди гул» (2018) ба нашр расонидааст. Ҳамчунин, маҷмӯаҳои илмӣ-публитсистии ӯ — «Чашмандози фолклори баъзе деҳаҳои Панҷакент», «Тулуъи беғуруб» ва «Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Осор вироиш

  • Иброҳими Дӯсталӣ. Моҷарои рафта. — Д.: «Графика Принт», 2019. — 88 с.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. Нодира Собирзод. Шоир, тарҷумон ва роҳсоз. Иброҳимҷон Дӯстализода: “Ватандӯстӣ бо шеър ҷор задан нест!”. halva.tj. Ҳалво (17 июли 2023). 6 май 2024 санҷида шуд.
  2. Шароби садсола(тоҷ.). Tajikistan times (3 августи 2019). 15 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2020.
  3. Иброҳими Дӯсталӣ. Як қадам то худ.