Илёс Илёдис (юн. Ηλίας Ηλιάδης, ном ҳангоми таваллуд — Ҷорҷӣ Звиадаурӣ (гурҷӣ: ჯარჯი ზვიადაური); зод. 10 ноябри соли 1986 дар Ахмет, ҶШС Гурҷистон) — ҷудукори юнонии гурҷитабор, қаҳрамони олимпӣ дар вазни то 81 кг (Афина; 2004), қаҳрамони секаратаи ҷудуи ҷаҳон, қаҳрамони дукаратаи ҷудуи Аврупо, ҷоизадорӣ Бозиҳои аврупоӣ (Боку; 2015). Аз соли 2005 то охири корномаи варзишӣ дар вазни 90 кг баромад мекард.

Илёс Илёдис
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус ҷуду[2]
Зодрӯз 10 ноябр 1986(1986-11-10)[1] (37 сол)
Зодгоҳ
Қад 178 сантиметр
Вазн 90 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Варзишгар кӯдакии худро дар шаҳраки канории Тифлис гузаронида, дар он ҷо таҳти устодии Гурам Модебадзе тамринро оғоз карааст. Дар синни 15-солагӣ Илёс дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷавонон бомуваффақият баромад карданро сар кард, ки дар он мураббии оянда ва падархондаш Никос Илёдис бо ӯ вохӯрда, ӯро ба оила қабул кард ва насабашро гузошт.

Дар 17-солагӣ Илёс дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Афина; 2004) қаҳрамони олимпии ҷуду шуд. Пас аз ин пирӯзӣ ӯ қаҳрамони миллии юнониҳо гардид. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Пекин; 2008) ӯ дар кушодашавии бозиҳо дирафшбардори кишвари Юнон буд.

Соли 2005 вай дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон (Қоҳира) нишони нуқра ба даст овард. Соли 2007 ӯ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ ғолиб омад ва дубора дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро дуввум шуд. Соли 2010 дар ватани ҷуду — Ҷопон ӯ аввалин ҷудукори юнонӣ мешавад, ки дар қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон байни мардон медали тило ба даст овард. Пас аз як сол дар Порис, ӯ муваффақияти худро такрор кард ва медали тилои дуюми қаҳрамониро ба даст овард. Ҳамин тариқ, ӯ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Лондон; 2012) бори севум роҳхат гирифт ва соҳиби нишони биринҷӣ гашт.

Илёс писарамаки қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ Зураб Звиадаурӣ мебошад.

Дастовардҳои варзишӣ вироиш

Рақобат Тилло Нуқра Биринҷӣ
Бозиҳои олимпӣ 1 0 1
Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон 3 2 1
Қаҳрамонии ҷудуи Аврупо 2 0 1
Ҷоми Ҷаҳон / Гран-При / Гран Слам 7 4 6
Қаҳрамонии ҷудуи Аврупо (U23) 2 0 0
Қаҳрамонии ҷудуи Аврупо (U20) 0 0 1
Қаҳрамонии ҷудуи Аврупо (U17) 1 0 0
Қаҳрамонии ҷудуи Юнон 5 0 0

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

  • Илиас Илиадис — омори олимпӣ дар сайти Sports-Reference.com(англ.)
  • Илиас Илиадис — профиль на сайте judoinside.com (англ.)