Исмоил Назрӣ

Овозхонҳои Тоҷикистон

Исмоил Назрӣ (Назриев Исмоил Абдуллоевич; 22 феврали 1951, деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — овозхон ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2021)[2], Ҳофизи халқии Ӯзбекистон (2024)[3]. Фарзанди бузурги Абдуллоҳ Назрӣ[4].

Исмоил Назрӣ
Номи пурра Назриев Исмоил Абдуллоевич
Таърихи таваллуд 22 феврал 1951(1951-02-22) (73 сол)
Зодгоҳ деҳаи Рузвай, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 1988 — то ҳол
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста»
Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2021)
Ҳофизи халқии Ӯзбекистон (2024)[1].

Зиндагинома вироиш

Фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе (1973) аст. Баъди анҷоми таҳсил дар ҳамин ҷо ба таълими шогирдон шуғл варзида, инчунин роҳбарии дастаи ҳаваскорони донишкадаро ба зимма гирифт. Бо ибтикораш дар ин боргоҳи маърифат клуби ҳунарии «Наргис» таъсис ёфт, ки миёни дастаҳои ҳунарии макотиби олии ҷумҳурӣ соҳиби мақом гардид, баъзе аз дастпарваронаш ба саҳнаи баланди касбӣ баромадаанд. Дар ин миён лаҳзае аз суруд канор наҷустааст. Асосан аз осори классикон суруд интихоб карда, пайрави равия, усул ва мактаби падараш Абдулло Назриев мебошад. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (соли 2004) номрафта дар ин ҷо ба сифати устоди кафедраи овозхонии анъанавӣ фаъолияташро шурӯъ намуд, чанд соли охир муовини ректори ҳамин боргоҳи ҳунар аст.

Сафарҳо вироиш

Борҳо ҳамроҳи дигар ҳунармандон ба ҷамоҳири собиқ шӯравӣ, инчунин Афғонистон, Ҳонконг ва дигар давлатҳо сафар кардааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.