Испанд, сипанд, испандона ҳазориспанд (лот. Peganum harmala) — рустании бисёрсолаи алафии мансуби ласфиҳо.

Испанд
Гул ва барг
Гул ва барг
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Peganum harmala L., 1753
Мутародифот

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Тиррешаи дароз (то 2м), гавс (то 10см), пояи рости шохронда (баландиаш 20-80см) гули 5-гулбаргаи зард, сафед (1-3 тои дар нуги поя нумуёнбанда) ғӯзаи сертухм (дар як бех то 120 ҳазор дона), тухми қаҳвагӣ ё буртоби ашхаби (вазни 1000-тоаш 2.5-3 г) дорад. Май-авг гулу мева мекунад. Асосан дар шурзамин, гилхок, санглоху регзор, канори сой, заминҳои партову бекора, канори чоҳҳои чарогоҳи биёбон, чарогоҳҳо ва баъзан чун алафи бегона дар киштзор ва ғайра меруяд.

Корбурдҳо вироиш

Испанд аз даври қадим ҳамчун рустаниҳои дорувории машҳур маълум буд. Дар китоби қадимаи форсу-тоҷик «Авесто» (асри XII—V пеш аз молод) ҳамчун рустание, ки барои ором кардани системаи асаб ва ҳамчун моддаи барои хушбӯй кардан, яъне бӯи бадро нест кардан истифода бурда мешуд. Бо испанд беморҳоро ва мурдаҳоро дуд карда муолиҷа мекарданд.

Хосиятҳои шифоӣ вироиш

Олимони юнонӣ Диоскорид испандро ҳамчун даруворӣ барои табобати сустбинии чашмҳо истифода мебурд. Ибни Сино дар китоби худ «Алқонун» испандро ҳамчун доруворӣ барои табобати дарди узвҳо ва буғумҳо пешниҳод мекард.

Барои дорусозӣ испандро дар вақти гулканданаш мечинанд, барои ин қисмҳои болоии рустаниро бо достҳо бурида, дар болохонаҳо ё ки дар таги соябонҳо бо қабатҳои 7-10 см дар болои қоғаз ё латта хушк мекунанд. Аз алафи испанд ва тухмаш моддаҳои алкалоидро (пегамин ва гармин) -ро ҷудо карда мегиранд.

Санҷишҳои дорушиносӣ нишон доданд, ки обҷӯши (настой) 1 % ва 10 % аз алафи испанд тайёр кардагӣ зидди стафилакок муборизаи фаъолона бурда метавонад ва дар об ҷӯшонида 1 % ва 0,25 % алафи испанд хусусияти сахти зидди микробиро дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчшма вироиш

  • Сатторов Ҷ. С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». — Душанбе, 2007