Испарак - исфоринҷон (Delphinium) - ҷинси рустаниҳои бисёрсолаи алафии мансуби чакамуғиҳо. Баландиаш дар шароити табии Тоҷикистон аз 10 то 150 см мешавад. Пояи рост, барги панҷашакл, гули кабуд, бунафш, гулобӣ, зард, сафед ва баргмеваи бисёртума дорад. Дар дунё 250 намуди испарак маълум буда, бештар дар минтақаҳои мӯъадили нимкураи Шимолӣ ва арктикӣ, инчунин кӯҳсори тропикии Африқо паҳн шудааст.