Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Таърих вироиш
Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ «Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд:
«муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд»— Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, 26 ноябри соли 1992
Дар замони бӯҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.[1]
Қарорҳои иҷлосия вироиш
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон кардани 26 ноябри соли 1992, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон [2] ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон[3]; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.[1]
Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. (Раҳмон Набиев собиқ Президенти Тоҷикистон дар иҷлосия баромад намуда аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд). Дар лоиҳаи қарор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пешбинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент минбаъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда шавад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пешниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро ташкил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Барҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Эмомалӣ Раҳмон (Э.Ш. Раҳмонов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва воситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳисобида буд.[1]
Аввалин рамзҳои давлатии Тоҷикистон вироиш
-
Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991–1992)
-
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1992)
-
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вироиш
16 ноябри соли 2022 дар суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии «Арбоб» Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин рӯйдоди тақдирсозро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд.
«Раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад»
.[4].
Ба гуфти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Ноумедиву парешонӣ ҷомеаи моро ба дараҷае фаро гирифта буд, ки бисёриҳо ба зинда мондан ва раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи ҳалокатбор бовар надоштанд. Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки рӯйдоди сӣ сол пеш дар ҳамин толор бавуҷудомада қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар ёдовар шуданд, ки пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.[4].
Нигаред низ вироиш
Эзоҳ вироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд». 18 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 октябри 2021.
- ↑ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ↑ Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ↑ 4.0 4.1 www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд(тоҷ.) (16 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2022.