Кифара (юн.-қад. κιθάρα) — сози мусқии қадими Юнон аст. Аз сози лира ба вуҷуд омадааст. Номи сози тории гитара аз калимаи кифара пайдо шудааст. Cараввал кифара 4 тор дошт. Миқдори торҳои он аз асри VII то мелод ба 7 ва баъдтар тадриҷан ба 12-то расидааст. Дар Юнони Қадим кифара дар базмҳои юнониён маъмул буд. Бо ин соз танҳо мардон ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар маъхазҳои асотирии юнонӣ номи кафара якчанд маротиба номбар гардидааст.

Кифара
Нигора
Hornbostel-Sachs classification 321.22[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Аполлон бо Кифара (асри II то мелод). Санъати Руми Қадим

Адабиёт вироиш

  • Петров В. В. Киннор, кифара, псалтерий в иконографии и текстах (к истолкованию одной англо-саксонской глоссы) // Диалог со временем. Альманах интеллектуальной истории. М., 2004, с.243-271.
  • Петров В. В. Кифара и псалтерий в символической органологии античности и раннего средневековья // Историко-философский ежегодник, 2008. М., 2009, с.27-51.

Сарчашма вироиш


  1. Consortium M. Revision of the Hornbostel-Sachs Classification of Musical Instruments by the MIMO Consortium