Либретто - libretto-китобча, матни адабии асарҳои мусикӣ-драмавӣ: опера, оперетта, дар гузашта-кантата, ораториява сенарияи балет. Либреттои опера ва балет дар асоси қоидаю қонунҳои дараматургия навишта мешаванд. Либретто дар шакли шеър, баъзан наср, муҷаз ва мувофиқи қоидаю қонуни мусиқӣ навишта мешавад. Дар Либреттои балет мазмун муфассалтар баён ёфта, лаҳзаҳои рақс ва ҳамаи имову ишора дар он пурра тасвир меёбанд. Ба қавли Н. Нурҷонов: «Либреттои опера ва балет дар асоси қонунҳои драматургия таълиф меёбад. Либретто дар шакли шеър, баъзан наср, содаю равон ва мувофиқи қоидаю қонуни мусиқӣ навишта мешавад. Дар Либреттои балет мазмун муфассалтар баён ёфта, ҳатто лаҳзаҳои рақс ва ҳама имову ишора дар он пурра тасвир меёбанд. Либретто дар асоси мавзӯи мустақил ё ягон асари бадеӣ ба миён меояд. Мас., Либреттои операи «Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский ва балети «Фавораи боғчасарой» – Б. В. Асафев дар асоси достони ҳамноми А. С. Пушкин эҷод шудаанд.

Либреттои операи «Комде ва Мадан»-и Зиёдуло Шаҳидӣ ва балети «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов дар асоси достонҳои ҳамноми Абдулқодири Бедил ва Мирзо Турсунзода эҷод шудаанд. Либретторо бештар шоир ё нависанда (дар балет аксар хореограф) навишта, композитор мусиқии онро эҷод мекунад. Нахустин Либреттои тоҷикиро Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ барои операи «Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян (1939) ва М. Рабиев барои балети «Ду гул»-и А. Ленский (1940) навиштаанд ва ғ.[1]


Нигаред вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 212-213. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)