Лолахон Сатторӣ (Сатторов Лолахон Саидович; 10 феврали 1956, деҳаи Ватан, ноҳияи Фархор — 14 майи 2024) — ровӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994).

Лолахон Сатторӣ
Сатторов Лолахон Саидович
Таърихи таваллуд 10 феврал 1956(1956-02-10)
Зодгоҳ ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 14 май 2024(2024-05-14)
Пеша ровӣ
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Факултаи биологияи Институти педагогии шаҳри Душанберо соли 1978 хатм карда, ба ҳайси наттоқ дар телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст, солҳои 1995—1997 директори Телевизиони Тоҷикистон 1997—2003 директори Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии ахбори умум, 2003—2005 директори генералии «Тоҷиккино», 2005—2007 сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм» буд. Бо ибтикораш дар бораи 32 нафар саромадони «Шашмақом» маълумоти муфид бо аксҳо гирд омад, барандагии бисёр маҳфилҳои фарҳангиро ба зимма доштааст.

Даргузашт вироиш

Лолахон Сатторӣ 14 майи 2024 дар синни 68-солагӣ даргузашт[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Рао/Ро. Даргузашти наттоқи шинохта Лолахон Сатторӣ(тоҷ.), Радиои Озодӣ (14 май 2024). Проверено 14 май 2024.

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.