Лутфия Айнӣ (13 майи соли 1934, шаҳри Самарқанд7 майи соли 2015, шаҳри Душанбе) — олим, санъатшинос, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Духтари бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.

Лутфия Айнӣ
Таърихи таваллуд 13 май 1934(1934-05-13)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 7 май 2015(2015-05-07) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултети санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (1955). Ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Муаллифи асарҳои бисёр дар бораи санъати классикии Шарқи Миёна (меъморӣ, суратгарии миниатюрӣ, ҳунармандӣ) ва санъати муосири Тоҷикистон. Асарҳои Лутфия ба бисёр забонҳои хориҷӣ нашр шудаанд. Аз соли 1964 узви ИР Тоҷикистон. Духтари хурдии устод Садриддин Айнӣ — асосгузори адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи 7 майи соли 2015, дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.[1]

Оила вироиш

Падар — Садриддин Айнӣ, модар — Салоҳат, хоҳар — Холида Айнӣ, бародар — Камол Айнӣ

Осор вироиш

  • Искусство Таджикской ССР, Л., 1972;
  • Искусство Средней Азии эпохи Авиценны, Д., 1980;
  • Туренко К. Мастер книжной графики, Д., 1985;
  • Изобразительное искусство Таджикской ССР, М., 1986;
  • Сабзали Шарипов, Д., 1998;
  • Художники Турции и Таджикистана, Д. – Анкара, 2009.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш