Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ

Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар Бадахшон савод бароварда, пас таҳсилашро дар Ҳирот давом додааст. Дар Ҳирот бо Навоӣ ва Ҷомӣ шинос шуда, аз суҳбати онҳо файзёб гардидааст. Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ дар фанни муаммо ва гуфтани таърих моҳир будааст. Ин рубоӣ аз ӯст:

Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ
Навъи фаъолият: шоир
Эй наргиси ту зи айни мастӣ дар хоб
В-эй абруи ту қиблаи ҷонро меҳроб.
Дар ҷом ту рӯи хеш бинӣ, гӯӣ
Оинаи барги гул шуда бодаи ноб.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ҳабибов А. Ганҷи Бадахшон. Д., 1972.