Массиви кӯҳӣ, қитъаи алоҳидаи кишвари кӯҳӣ, ки бару тӯлаш қариб баробар аст. Шохаҳои массиви кӯҳӣ нисбатан каманд. Массиви кӯҳиро водиҳои васею чуқур аз қаторкӯҳҳои дигар ҷудо мекунанд.