Масҷиди Бурчак — ёдгории меъмории охири асри XIX дар шаҳри Истаравшан. Он масҷиди гузарӣ буда, аз хонақоҳ ва айвон иборат аст. Намои асосии масҷид бо нижвони ягона, айвон ва сутунҳои калламуқарнасӣ оро ёфтаанд. Дохилу беруни бино ва сақфи хонақоҳу айвон мунаққашанд. Нақшу нигори ҳандасии сақфҳо бо ранги сафед ниҳоят ҷаззоб ҳошиябандӣ шудааст. Арақаву сутунҳои калламуқарнас низ музайянанд. Сутунҳои масҷид ба усултӯи «кӯзагӣ» кандакорӣ шуда, нақши «мажохил» доранд ва ҳаштқирраанд. Асосои сутуни маркази айвон мармарист. Болои сутунҳо муаллақаҳои пурнақшу нигори салибшакл ҷойгузинанд. Тоқчаҳои деворҳои айвону хонақоҳ дорои ороишоти ҳандасист. Масҷиди Бурчак синҷбандист, деворҳои хонақоҳ дуҷабата ва айвон якқабата синҷ дорда. Сутунҳои ду паҳлӯи дарвозаи масҷид низ бо усули муқарнас мунаққаш шудаанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.[1]

Эзоҳ вироиш