Мирзо Кофӣ (? — 1561, Қазвин) — шоир ва хаттоти форс тоҷики дарбори Сафавиён.

Мирзо Кофӣ

Зиндагинома вироиш

Аз авлоди Насируддини Тӯсӣ. Бино бар гуфтаҳои Шамсуддини Сомӣ («Қомусу-л-аълом») аз Урдуобод буда, дар иншои шеър маҳорати хубе доштааст. Пас аз хатми таҳсили улуми мутадовилаи шеър ба дарбори Сафавиён роҳ ёфт ва чун муншӣ хидмат кард. Дар манбаъҳои адабӣ чун шоири моҳиру тавоно ва хаттоти чирадаст дар навиштани хатҳои настаълиқ ва шикаста тавсиф шудааст. Охири ҳаёташ дар Қазвин гузаштааст. Қабраш дар Машҳад.

Ғазалҳои Кофӣ дар баёзу маъхазҳои адабии асрҳои 16-19 ба назар мерасанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш