Муллоҷон Амирбеков

Муллоҷон Амирбеков (тав. 28 июли 1954, шаҳраки Навобод, ноҳияи Ғарм) — байтор, доктори илмҳои байторӣ (1993). Устоди варзиши СССР дар риштаи «Самбо».

Муллоҷон Амирбеков

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1977). Ходими хурди илмии Институти тадқиқоти илмии ветеринарияи Тоҷикистон (1977 – 79), аспиранти Институти умумииттифоқии ветеринарияи шаҳри Москва (1979 – 82), ходими калони илмӣ, мудири озмоишгоҳи Институти тадқиқоти илмии ветеринарияи Тоҷикистон (1982 – 90), докторант (1990 – 92), ходими калони илмӣ, мудири озмоишгоҳи илмию истеҳсолии Институти таҷрибавии ветеринарияи шаҳри Москва (1992 – 2000), сардори Сарраёсати байтории ҶТ (2000 – 01), сардори Департаменти байтории Вазорати кишоварзӣ (2001 – 02), сарнозири давлатии байтории ҶТ (2002 – 07). Аз соли 2007 сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати ҶТ.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муллоҷон Амирбеков барои ихтирои ваксинаи зидди касалии ринопневмонияи аспҳо бо медали биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР сарфароз гаштааст (1987). 66 адад таълифоти илмӣ, аз ҷумла 15 ихтироот дорад. Бо роҳбарии Муллоҷон Амирбеков 5 наф. рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Осор вироиш

  • Пролонгированные антибиотики для лечения гинекологических заболеваний животных, маҷ. «Ветеринария», № 1, Д., 2004.;
  • Оид ба тоуни чорвои хурд дар Тоҷикистон, маҷ. «Ветеринария», № 3, Д., 2005;
  • Современные подходы специфической профилактики желудочно-кишечных заболевание молодняка крупного рогатого скота, маҷ. «Ветеринария», № 1, Д., 2006;
  • Рекомендации по диагностике, профилактике и лечению респираторных болезней телят, Д., 1990.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш