Мурзакоба, Мурзак-Коба — мағораи давраи мезолит дар Қрим, наздикии Севастопол.

Соли 1936 олимони шӯравӣ С. Н. Бибихов ва Е. В. Жиров кашф намуданд. Микролитҳо, устухони ҳайвонҳои намуди ҳозира, садафи бисёре, инчунин қаб­ри мезолитии дунафараи (мардҳо ва занҳо) кроманониҳо ёфт шудаанд; ҷасадҳо рост рӯ ба боло дар чуқурӣ гӯронида шудаанд. Буғуми охири ангуштони занҳо дар вақти барҳаёт буданаш бурида шудааст (одати маъюбкунӣ).

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш