Муҳаммадалӣ Маҳмадов

Муҳаммадалӣ Маҳмадов (21 декабри 1951, деҳаи Гулистон, ноҳияи Рӯдакӣ) — ҳунарпешаи cинамо. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011)[1].

Муҳаммадалӣ Маҳмадов
Таърихи таваллуд: 21 декабр 1951(1951-12-21) (72 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Самт: ҳунарпешаи синамо

Зиндагинома вироиш

Муҳаммадалӣ Маҳмадов 21 декабри соли 1951 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ маъруф аст, ба дунё омадааст. Соли 1972 омӯзишгоҳи рассомӣ ва соли 1979 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз солҳои 1979 дар cинамо нақш меофарад. Солҳои 1986—1992 ҳунарпешаи театри русии «Полуостров» буд.[2] То имрӯз беш аз 50 нақш дар филмҳои истеҳсоли cинамои Тоҷикфилм, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Осетия, Сурия, Алҷазоир, Миср, Венгрия ва дигар кишварҳо иҷро кардааст. Оиладор, соҳиби ду писар.[3]

Ҷоизаҳо вироиш

  • Барандаи Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон(1982),
  • Ҷоизаи байнидавдатии «Ситораҳои Иттиҳод» (2011).

Эзоҳ вироиш

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  2. kino-teatr.ru Мухаммад Али Махмадов
  3. Ҷилои Муҳаммадалӣ Маҳмадов дар «Оинаи беҷило»-и Носир Саидов