Муҳаммадносир Алавӣ

Алавӣ Муҳаммадносир (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).

Алавӣ Муҳаммадносир
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ-тоҷикӣ

Ашъор вироиш

Дар «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ӯ бо унвони акмалушшуаро ёд шудааст. Дар дарбори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 1117 – 1152) хидмат мекард. Ба қавли Муҳаммад Авфӣ Алавия ашъорашро тадвин накарда буд. Аз Алавия инчунин шоири мутасаввиф Саноӣ дар маснавии «Корномаи Балх» ёд кардааст. Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки Алавия дар истифода аз санъатҳои тарсеъ, таҷнис, муроотунназир ва ғайра моҳир будааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Т., 1335, ҳ. ш.

Сарчашма вироиш