Муҳаммадҳусайни Табрезӣ

Муҳаммадҳусайни Табрезӣ (форсӣ: محمدحسین تبریزی‎; асри XVI, Табрез10 октябр 1577, Қазвин) — хушнавис ва донишманди форс-тоҷик.

Муҳаммадҳусайни Табрезӣ
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 октябр 1577(1577-10-10)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф, Алиризои Аббосӣ аз шогирдони ӯ буданд.

Осори хаттотии ӯ дар Китобхонаҳои донишгоҳи Равонкушку ва Хазинаи авқофи Ис­тамбул, Китобхонаи миллии Порис, Китобхонаи миллииТеҳрон, дар Му­зеи бостоншиносии Деҳлӣ ва як нус­хаи «Муноҷоти»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар Китобхонаи оммавии Ле­нинград ба номи Салтиков Шедрин мадфузанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Муҳаммадҳусайни Табрезӣ / Қ. Махсумов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).