Ноҳияи Панҷ (форсӣ: ناحیۀ پنج‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ноҳияи Панҷ
Ноҳияи Панҷ
Кишвар  Тоҷикистон
Маркази маъмурӣ Панҷ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 29 август 1930
Масоҳат
  • 880,6 км²
Аҳолӣ
Аҳолӣ 124 100[2] нафар (2022)
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 3552
Нишонаи почта 735140
Ноҳияи Панҷ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Маркази ин ноҳия шаҳраки Панҷ (форсӣ: پنج‎) аст, ки 117 км ҷанубтар аз шаҳри Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир аст. Аз ин шаҳр то Душанбе 206 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ вироиш

Ноҳияи Панҷ бо сарзамине 880,6 км² дар дараи рӯди рӯди Панҷ ва марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Балхӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Ҷайҳун аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя буда ва дар ҷануб бо ноҳияҳои Имомсоҳиб ва Арчӣ аз вилояти Қундӯз дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Таърих вироиш

Ин ноҳия 29 августи соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Дар солҳои 1931—1936 ин ноҳия Бауманобод ва дар солҳои 1936—1963 Кировобод номида мешуд.

Мардум вироиш

Мардуми Панҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Панҷ 108,2 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[3]

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
121,8 124,1

Бахшбандӣ вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Панҷ 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[4]. дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷ[5]
Ҷамоат Аҳолӣ
Панҷ, шаҳрак 7 917
Кабут Сайфутдинов 16 390
Меҳвар 13 570
Намуна 15 178
Озодагон 15 524
Нури Ваҳдат 10 119

Ҳукумат вироиш

Сарвари ноҳияи Панҷ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Панҷ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Панҷ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт вироиш


Омӯзишу парвариш вироиш

Ниҳодҳои фарҳангӣ вироиш


Беҳдошту беҳзистӣ вироиш

Эзоҳ вироиш