Нуъмон Розиқ (9 май 1927, Симиганҷ, ноҳияи Ваҳдат2 апрел 1982, Симиганҷ, НТҶ) — шоир ва нависандаи шӯравии тоҷик[1], узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС (1973)[2].

Нуъмон Розиқ
Таърихи таваллуд: 9 май 1927(1927-05-09)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 апрел 1982(1982-04-02) (54 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Ҷоизаҳо:
Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"

Зиндагинома вироиш

Нуъмон Розиқ 9 майи соли 1927 деҳаи Симиганҷи ноҳияи Янгибозор дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1942 хатм кард. Соли 1958 таҳсили Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст[3].

Корнома вироиш

Солҳои зиёд муаллим, котиби ташкилоти ҳизбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод, раиси колхози «Ленинград»-и ноҳия буд. Аз соли 1971 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна»-ро ба дӯш дошт. Директори Хонаи истироҳати АИ ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1976 раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Орҷонкидзеобод ва аз соли 1978 раиси деҳшӯрои Симиганҷ буд[4].

Аз соли 1973 узви ИН ИҶШС ва Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 7) буд[1].

Эҷод вироиш

Дар солҳои донишҷӯӣ ба шеъргӯӣ сар кард. Асосан барои кӯдакон шеър мегуфт. Китобҳои зеринаш дар солҳои гуногун «Телефони гунҷишк» (1968), «Гулмоҳӣ» (1971), «Бузғолача» (1974); «Лона» (1977), «Чароғҳои гуногун» (1977), «Гулистон» (1981) чоп шудаанд.

Ду китоби ӯ бо номҳои «Одуванчик» (1975), «У меня много друзей» (1981) бо забони русӣ ба табъ расидаанд. Бархе шеърҳои шоири рус Аким Яковро ба тоҷикӣ гардондааст[1]. Ашъораш ба забонҳои русӣ, укройнӣ, литвонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд[2].

Медалу ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»[1] ва Грамотаҳои Пре­зидиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст[2].

Даргузашт вироиш

Нуъмон Розиқ 2 апрели соли 1982 бар асари бемории қанд ва дилу рагҳо дар синни 55-солагӣ даргузашт.

Осор вироиш

  • Розиқов, Н. Файзи баҳор: Шеърҳо. — Д.: Ирфон, 1977. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Лона: Шеърҳо. — Д.: Маориф, 1977. — 40 с.
  • Розиқ, Н. Гулбоғ: Маҷмӯаи шеърҳо. — Д.: Маориф, 1980. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Гулбоғ: Шеъру суруд тезгӯяку чистон, қиссаву достон барои бачагони синни хурди мактабӣ. — Д.: Маориф, 1980. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Гулбоғ: Маҷмӯаи шеърҳо. — Д.: Маориф,1981. — 80 с.
  • Розиқ, Н. Овоза: Шеърҳои ҳаҷвӣ. — Д.: Ирфон, 1983. — 48 с.
  • Розиқ, Н. Симиганҷ: Шеърҳо, тарҷумаҳо ва ҳикояву афсонаҳо. — Д.: Маориф, 1984. — 93 с.
  • Розиқ, Н. Чил чашма дар Чилчинор: Шеърҳо; Қиссаҳо; Тарҷумаҳо; Ҳикояҳо. — Д.: Адиб, 1989. — 176 с.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Нӯъмон Розиқ / Р. Тошматов // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.
  2. 2.0 2.1 2.2 Нӯъмон Розиқ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
  3. Розиқ Нӯъмон. ИНТ.
  4. Ошноӣ бо Нўъмон Розиқ, адиби барӯманди кӯдак дар Тоҷикистон. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (16 феврали 2017).