Озмоишгоҳи гидравликаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Озмоишгоҳи гидравлика дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих вироиш

Соли 1999 кушода шудааст. Аввалин мудираш профессор Бобохоҷаев С. М. буд. Дар солҳои минбаъда профессор Сатторов М. А. ба ҳайси мудир фаъолият намудааст. Дар айни замон дотсент Раҳимов Ф. ин вазифаро ба уҳда дорад. .

Фаъолияти озмоишгоҳ вироиш

Озмоишгоҳ бо мақсади таъмини донишҷӯён, аспирантон ва унвонҷӯён ба воситаҳои айёнӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои бо сифати хуб навиштани рисолаҳои дипломӣ ва номзадию докторӣ таъсис дода шудааст. Солҳои охир бо машварати профессор Сатторов М. А. дар пойгоҳи озмоишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаҳо оид ба механикаи моеъот ва гидравлика тибқи барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ шароити хуб фароҳам оварда шуд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ ҳар сол даҳҳо нафар донишҷӯён лоиҳаҳои дипломиашонро тайёр намуда, ҳимоя менамоянд. Се нафар унвонҷӯён (Эшмирзоев М. Э., Ёров А.Ё., Раҳимо Ф.) рисолаҳои номзадии худро дифоь намудаанд. Имкониятҳои пойгоҳии озмоишгоҳ дар рафти машғулиятҳои амалӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш