Олуболу, олучабандак, олуча (лот. Prúnus cérasus) — дарахт ё буттаест аз настараниҳо; меваи маъмул.

Олуболу
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prunus subgen. Cerasus (Mill.) A.Gray, 1856
Таксонҳои хоҳар
  • Cerasus
  • Laurocerasus

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, мудаввар, сершираи донакдор, таъмаш турш. Моҳи апрел мешукуфад; мевааш июл мепазад.

Олуболуи худрӯй маълум нест. Тахмин мекунанд, ки олуболуро аз соҳилҳои баҳри Сиёҳи Қафқоз ё Қрим ба Рум бурдаанд. Дар асри 1 милод аллакай дар аксар кишварҳои Аврупо парвариш мекарданд.

Дар Тоҷикистон бештар навъҳои самарқандӣ, пешпазак, Олуболуи сиёҳ, майдаяк ва ғайра маъмул шуда­аст.

Корбурд вироиш

Олуболуро асосан барои омода кардани мураббо, консерв, кисел, май, шар­бат, обмева ва барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Гули олуболу сершахд аст. Аз як гектар олуболузор занбӯри асал то 75 килограмм асали хушсифат тайёр мекунад.

Эзоҳ вироиш

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт вироиш