“Пиёдаҳо савора”

Барои ин бозӣ бачаҳо ба ду дастаи баробар тақсим мешуданд. Сардорони дастаҳо каме дуртар рафта, байни худ маслиҳат мекарданду сипас ба назди бачаҳои гурӯҳи аввал омада мепурсиданд: “– Ёрон, ёрони мо, ҷав чанд ман? – мепурсид сардори даста. Бачаҳо кӯшиш мекарданд, ки чанд ман қарор кардани ҷавро ёбанд. Намояндаи кадом дастае, ки саволро дуруст ҷавоб медод, дастаи ӯ ғолиб ҳисоб ёфта, нахуст онҳо савораи пиёдагон мегардиданд. Пиёдагон саворонро ба пушти худ гирифта, дар кӯча роҳ мерафтанд. Дар Истаравшан дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад.[1]

Адабиёт вироиш

1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995; 2. Амонов Р. Аз паи ҳикмати халқ. Д., 1963. 3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 191