Пӯстдунбапалав - Пӯстдунбаро дар оби намакдор 15-20 дақиқа меҷӯшонанд. Баъд пӯстдунбаро ба равған-и доғ андохта, то сурх шуданаш бирён мекунанд. Ба дег аввал пиёз, баъд сабзиро андохта каме таф медиҳанд. Баъд об, намак, сир, адвиёт, андохта зирбак тайёр мекунанд. Ба рӯи зирбак биринҷ андохта дам мекунанд.