Рақси «чойнак»рақси халқии тоҷикон мебошад.

Тавсифи мухтасар вироиш

Рақси чойнаку пиёла хосси мардон аст. Иҷрокунанда ҷомаи беқасаб, тоқии чуст, дар пояш калӯшу маҳсӣ мепӯшад. Вай дар болои сараш чойникро гузошта дар ҳар дасташ пиёлаеро медорад. Раққос дастҳояшро ба ду тараф дароз карда пои росташро пеш гузошта, оҳиста-оҳиста қадам мегузорад ва майдонро давр мезанад. Иҷрокунанда гирди майдонро ҳамин тариқ се-чор бор давр мезанад. [1][2][3]

Маҳалли густариш вироиш

Вилояти Суғд, Истаравшан, Исфара

Нигаред вироиш

Манобеъ вироиш

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Адиб», 2015, с. 20
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.