Раҳмоналӣ Амирзода

Амирзода Раҳмоналӣ Амир – иқтисодчӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раҳмоналӣ Амирзода
Амирзода Раҳмоналӣ Амир
Таърихи таваллуд: 1 октябр 1954(1954-10-01) (69 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Муъминобод , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Амирзода Раҳмоналӣ Амир 1 октябри соли 1954 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1976 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1989-1991 мактаби Олии ҲК ИҶШС-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хатм намудааст. Ихтисос: иқтисодчӣ

  • Солҳои 1971-1976-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1976-1977-иқтисодчии калони Идораи молҳои хӯроквории ноҳияи Фрунзе (н.Сино)-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1977-1978-иқтисодчии калони Комбинати хидмати маишии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Ш. Шоҳин);
  • Солҳои 1978-1979-хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС Федератсияи Россия, Монголия;
  • Солҳои 1979-1981-инструктори шуъбаи ташкилотҳои комсомолӣ, мудири шуъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти комитети комсомолии вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1981-1984-котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Ш. Шоҳин);
  • Солҳои 1984-1987-мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, котиби комитети ҳизби Коммунистии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Ш. Шоҳин);
  • Солҳои 1987-1988-мудири шуъбаи молиявию хоҷагии комитети ҳизбии Коммунистии вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1988-1993-котиб, котиби якуми комитети ҳизби Коммунистӣ, ҳамзамон солҳои (1989-1991) раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Муъминобод;
  • Солҳои 1993-1995-сардори шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозхимия»;
  • Солҳои 1995-1997-сардори шуъбаи гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1997-2001-раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2001-2006-директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2009-муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2009-2012-муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2012-2013-раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд;
  • Аз декабри соли 2013- то инҷониб раиси шаҳри Ваҳдат.
  • Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]

Ҷоизаҳо вироиш

Соли 1999 бо Ордени «Шараф» ва 29 августи соли 2014 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Сарчашма вироиш

  1. Амирзода Раҳмоналӣ Амир(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.