Раҷаб Мирзо (Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич; 10 августи 1973, деҳаи Ангурбоғи ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори тоҷик, муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав».

Раҷаб Мирзо
Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич
Сурат
Таърихи таваллуд 10 август 1973(1973-08-10)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор, таҳлилгар

Зиндагинома вироиш

Раҷаб Мирзо 10 августи соли 1973 дар хоҷагии ба номи Ленин (ҳоло ба номи Рӯдакӣ, дар ин охир шаҳраки Заҳматобод)-и ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.  Мактаби миёнаи рақами 7 ноҳияро бо медали нуқра хатм кардааст.

Оила вироиш

Оиладор ва соҳиби як писар  аст.

Фаъолияти меҳнатӣ вироиш

Фаъолияти кориашро соли 1997 баъди анҷоми таҳсил дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз нашрияи «Сурӯш» оғоз намуда, баъдан дар нашрияҳои   «Восточный экспресс» (солҳои  1998-1999) ба сифати хабарнигор, «Ҷумҳурият» (солҳои 1999-2002, хабарнигор, мухбири махсус ва мудири шўъба), директори Маркази хабарии «Чархи гардун» (2002-2003), нашрияи «Нерўи сухан» (соли 2003, мудири шўъбаи итилоот ва сиёсат) кор кардааст.

Муассиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав” аст, ки каме бештар аз як сол, аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004  ба нашр расид.

Баъди “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо муддате (солҳои 2008-2009) сармуҳаррири радиои “Имрӯз” ва соли 2010 сардабири  рўзномаи ҳаррўзаи Тоҷикистони мустақил - «Имрӯз-news» буд. Ва ду соли дигар устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва ба донишҷӯёни факултаи журналистика  дарси  «Журналистикаи сиёсӣ» гуфт.

Моҳи октябри соли  2011 Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» -ро таъсис дода, роҳбари он буд.

Фаъолияти сиёсӣ вироиш

Раҷаб Мирзо танҳо журналист нест, ки бештар таҳлилҳои ҷолиби сиёсиро матраҳ карда бошад, балки худ вориди майдони сиёсат буд. Ду маротиба – бори аввал феврали соли 2005 аз ҳавзаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва бори дуюм дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Восеъ №39 ба сифати номзад иштирок кардааст, вале дар ду маврид ҳам ба номзади ҳизби ҳоким интихоботро бохтааст.

Аз октябри соли 2005 то октябри соли 2013 аъзо, раиси ҲДТ дар шаҳри Душанбе буд. 4 ноябри соли 2006 барои баргузории як пикет ба нишони эътироз аз мавқеъгирии нодурусти вазорати адлия  Раҷаб Мирзо дар қатори се узви фаъоли ҲДТ барои 15 рӯз зиндонӣ гардид. Дар анҷумани ахири ин ҳизб (октябри соли 2013 – пешопеши интихоботи президентӣ) узвияти худро қатъ кард.

Ҷоизаҳо вироиш

Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ, «Журналисти сол – 2004», барандаи Ҷоизаи "Эътимод" -и Шӯрои ВАО (соли 2021) мебошад.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

  • Раҷаби Мирзо(тоҷ.). odob.tj. 27 сентябри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)