Витамин А (ретинал) чашмро пурқувват ва инкишофи мӯътадили организмро таъмин менамояд. Агар дар организм витамини А нарасад,ранги рӯй парида, пӯст хушку шахшӯл шуда, дар рӯй ҳар гуна рихинакҳо мебарояд; мӯй хушк ва беҷило, нохунҳо мӯрт мешаванд. Аломатҳои асосии норасоии ин витамин , рӯшноитарсӣ ва шабкӯрй аст. Танҳо маҳсулоти чорво (ҷигари ҳайвонот ва моҳй, маска ва равғани зард, панир, зардии тухм) витамини А доранд. Дар маҳсулоти рустанигӣ витамини А дар шакли провитаминҳо ( пигментҳои каротиноидҳо) вомехӯранд. Каротиноидҳо дар сабзӣ, помидор,қаламфур, пиёзи кабуд, шилха, коҳу, хуч, зардолу,ангат, ғубайро ва ғайра бисёранд. Каротиноидҳоро организм дар якҷоягӣбо равған хуб ҳазм мекунанд, аз ин рӯ ба хуриши сабзавот қаймоқ ё равғани растанй ҳамроҳ кардан хеле муфид аст. Дар ҳолати пухтупази муқаррарӣ ва очоронй витамини А ва каротиноидҳо бетағйир мемонанд, аммо ҳангоми хушконидани хӯрокворӣ ва доғ кардани равған онҳо вайрон мешаванд.

Ретинал